Мулоқоти Гул Шералӣ бо Ҷенг Ҷуан Шенг

Сентябрь 5, 2013 16:44

Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Имрўз вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо директори генералии ширкати «Beijeng Jichuang Diansheng»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ҷенг Ҷуан Шенг мулоқот намуд. Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаи ҳамкории дуҷонибаро доир ба гузариш аз гази табиӣ ба ангиштсанг дар ҶСК «Тоҷиксемент»-и шаҳри Душанбе баррасӣ намуданд.«Изҳори итминон метавон кард, ки ширкати «Beijeng Jichuang Diansheng»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин бо истифода аз таҷрибаи худ ҷиҳати босифат ва самаранок анҷом додани гузариш аз гази табиӣ ба ангиштсангро дар ҶСК «Тоҷиксемент» ҳамаҷониба пайгирӣ хоҳад кард»,- гуфт вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон.Аз хадамоти матбуоти Вазорат иттилоъ доданд, ки Гул Шералӣ зимни ин мулоқот изҳор доштааст, ки корҳои омодагӣ ҷиҳати гузариш аз гази табиӣ ба ангиштсанг дар ҶСК «Тоҷиксемент»-и шаҳри Душанбе хеле муҳим буда, вусъат бахшидани ин корҳо зарурӣ мебошад.

Сентябрь 5, 2013 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш