Мулоқоти М.Маҳмадаминов бо директори Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат дар Москва

Сентябрь 14, 2013 12:20

Душанбе, 14 сентябр.(АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Дирӯз Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмадаминов бо муовини директори Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат дар Москва Шуренчимег Зохиолт ва ҳамроҳонаш мулоқоти судманд анҷом дод. Да ҷарайни вохӯрӣ тарафҳо масъалаи ҳамкорӣ ва иҷрои татбиқи Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат оид ба Меҳнати арзанда барои солҳои 2011-2013 мавриди баррасӣ қарор дода, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҳамчунин дар вохўрӣ ҷонибҳо банақшагирии таҳияи лоиҳаи Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат оид ба Меҳнати арзанда барои солҳои 2014-2016/2017 муҳокима намуда, М. Маҳмадаминов барои густариши ҳамкориҳои минбаъда арзи сипос кард. Тавре аз дафтари матбуоти вазорат хабар доданд, дар анҷоми вохўрӣ аз ҳар ду ҷониб қарор шуд, ки барномаи мазкур то охири соли ҷорӣ дар мувофиқа бо шарикони с Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат омода ва ба тасвиб расонида шавад.

Сентябрь 14, 2013 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш