Мулоқоти Маҳмудҷон Собиров бо Игорс Апокинс

Сентябрь 16, 2013 08:53

Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- 13 сентябри соли 2013 мулоқоти муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Латвия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игорс Апокинс баргузор гардид.  Дар вохӯрии тарафайн доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла муносибатҳои дуҷониба доир ба масъалаҳои баргузории ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Точикистон ва Латвия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмию техникӣ, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Рига ба нақша гирифта шудааст ва инчунин ҳамкориҳои минтақавӣ ва асосан вазъ дар Афғонистон муҳокима гардид.

Сентябрь 16, 2013 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш