Мушоҳидон маъракаи интихоботро назорат мекунанд

Сентябрь 26, 2013 11:34

Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар»). – Назар ба хабари котиботи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гуруҳҳои мушоҳидон аз Ассамблеяи байнипарлумонӣ даъватномаи махсус фиристодааст.Чанде пеш даъватномаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони котиботи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ барои мушоҳидони ин созмон расид. Дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад, ки «мутобиқи моддаи 4 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» иштироки намояндагон ба ҳайси мушоҳидагони байналмилалӣ дар ҳайати созмонҳои ҷаҳонӣ пешбинӣ шудааст».Мушоҳидони байналмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ барои мушоҳидаи ҷараёни омодагӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шудаанд. Хотирнишон месозем, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 2013 баргузор мешавад.

Сентябрь 26, 2013 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш