Намоишгоҳи хосса ба ҷонибдории муҳоҷирон
Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — 16 сентябр соли 2013 бо ташаббуси кафедраи тадқиқоти гендерӣ дар яке аз толорҳои Донишгоҳи давлатии гуманитарии Русия намоишгоҳи вижа, ки ба мавзӯи муҳоҷират ва муҳоҷир бахшида шудааст, ифтитоҳ ёфт.Дар намоишгоҳ аксу мусаввара, ашёву наворҳои марбут ба таъриху равандҳои муҳоҷират ва рӯзгори муҳоҷирон пешкаш шудааст. Чорабинии мазкур таҳти унвони «Мигранты» (Муҳоҷирон) дар доираи 5-умин Намоишгоҳи санъати муосири Маскав сурат гирифт.- Ҳадафи асосии мо,-мегӯяд яке аз ташкилкунандагон Наталия Каменетская, — бори дигар таваҷҷуҳи ҷомеаро ба мавзӯи муҳоҷират, ки раванди ҷаҳонист, ҷалб кардан ва ба ин васила андешаи муҳоҷирбадбиниро аз тафаккури эшон дур сохтан аст. Бигзор одамон фаҳманд, ки аслан ҳар яки мо муҳоҷир ҳастем.Воқеан, нигораҳои намоишгоҳ бозгӯи паҳлуҳои мухталифи марҳилаҳои таърихии муҳоҷират буда, тақдири муҳоҷирон — намояндагони қавму миллатҳои гуногунро инъкос менамоянд.-Масалан, яке аз мусаввараҳо ба халқияти скифҳо, ки тамаддуни ҳиндуаврупоиро ба Шарқ овардаанд, бахшида шудааст. Дигаре аз рӯзгори русзабонҳое, ки баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Қазоқистонро макони зист интихоб кардаанд, ҳикоят мекунад,- мегӯяд масъули намоишгоҳ Аннушка Броше.Ташаббускорон бар он назаранд, ки таърихи ташаккулу такомули ҷомеаи муосир ба равандҳои муҳоҷирати ҷаҳонӣ сахт вобастагӣ дорад.Намоиш барои тамошо ройгон буда, то 12 октябр идома меёбад.Тибқи омори расмии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар айни замон танҳо дар шаҳри Маскав бештар аз 570 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ будубош доранд, ки аз се ду ҳиссаи онҳо муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд. Ҷараёни вуруди муҳоҷирон ба ФР рӯ ба афзоиш дорад, дар айни замон дар ҳудуди Русия бештар аз 10 млн. шаҳрвандони хориҷӣ кору иқомат доранд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР хабар доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






