Насби таҷҳизоти офтобӣ дар боми Вазорати энергетика

Сентябрь 13, 2013 14:45

Душанбе, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар» Фарзона Ашӯрмадова).- Имрӯз дар боми Вазорати энергетика ва саноати кишвар таҷҳизоти офтобӣ насб карда шуд, ки дар назар аст аз нерӯи офтоб барқ истеҳсол намояд.Тавре ки дар ин бора аз Вазорати энергетика хабар доданд, иқдоми мазкур дар ҳамкорӣ бо Агентии энергетикии Олмон амалӣ гардидааст. Дар маросими кушодашавии таҷҳизоти мазкур намояндагони Вазорати энергетика ва саноат ва сафири Олмон дар Тоҷикистон иштирок намуданд.Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Форуми Тоҷикистону Олмон оид ба энергетика дар Душанбе баргузор гардида буд.

Сентябрь 13, 2013 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш