Нишасти Гуруҳи “Дӯстони об”
Душанбе, 12 сентябр (АМИТ «Ховар») .- 9 сентябри 2013 дар Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ ва ҳамкории Маркази байналмилалии идораи хатарҳо ва офатҳои марбут ба об (International Center on Water Hazard and Risk Management, ICHARM/UNESCO) нишасти Гуруҳи “Дӯстони об” баргузор гардид. Нишастро намояндаи доимии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки мақсад аз баргузории чорабинии мазкур пайгирии пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мунтазам муҳокима кардани масъалаҳои марбут ба офатҳои табиии вобаста ба захираҳои обӣ, ки зимни суханронии ӯ ҳангоми маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об 20 августи соли 2013 эълом гашта буд, мебошад. Роҳбари Маркази байналмилалии мудирияти хатарҳо ва офатҳои марбут ба об доктор Кензо Ҳирокӣ таъкид кард, ки масъалаи офатҳои табиии вобаста ба об ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар ин соҳа аз ҷониби ширкаткунандагони конфронси Душанбе дастгирӣ ёфта, дар санади ниҳоии он ҳамоиш низ бозтоб ёфтааст. Аз ин лиҳоз, пешниҳод гардид, ки масъалаи мазкур дар чаҳорчӯби Маҷмаи Умумии СММ ба таври мунтазам мавриди муҳокима қарор дода шавад. Ба ин мақсад, К. Ҳирокӣ даъват кард, ки ҷиҳати пайгирии масъалаи мазкур лоиҳаи қатъномаи дахлдори МУ СММ таҳия гардад. Намояндагони доимӣ ва сафирони Афғонистон, Танзания, Намибия, Ямайка, Ҷумҳурии Доминикан ва Кабо Верде дар СММ, ки дар конфронси Душанбе ширкат доштанд, иқдоми ҷониби Тоҷикистонро дар масъалаи таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи идораи офатҳои табиии марбут ба об дастгирӣ намуданд. Дар хотимаи нишасти Гуруҳи “Дӯстони об” С. Аслов хабар дод, ки ба манзури муаррифии натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланди Душанбе, Намояндагии доимии Тоҷикистон 25 сентябри соли ҷорӣ дар чаҳорчӯби мубоҳисаҳои умумии 68-умин иҷлоси Маҷмааи Умумӣ ҷаласаи махсусро таҳти раёсати Сарвазири кишвар Оқил Оқилов баргузор хоҳад кард.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






