Оғози сафари кории Сарвари давлат ба ноҳияи Тоҷикобод
Душанбе, 26 сентябр (АМИТ «Ховар»).-Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод аз ифтитоҳи як қатор иншооти маъмурию хизматрасонӣ оғоз гардид.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маросими ифтитоҳи бинои наву замонавии мақомоти Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Тоҷикобод иштирок намуда, бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти он расман оғоз бахшид. Иншооти мазкур бо маблағи 3 милион сомонӣ сохта шуда, дорои 46 утоқи корӣ мебошад ва бо навтарин таҷҳизоти техникиву соҳавӣ муҷаҳаз гардонида шудааст. Бинои маъмурии Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Тоҷикобод ҳамчунин дорои толори маҷлисӣ, ошхона, утоқҳои соҳавӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, масъулини соҳаро вазифадор намуд то дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирӣ аз ҳама гунна амалҳои номатлуб, решкан намудани ҷинояту чинояткорӣ маҳорати хуби касбӣ нишон дода, худ низ дар иҷрои вазифаи хизматӣ рафтори намунавӣ дошта бошанд.Дар маркази ноҳияи Тоҷикобод ҳамчунин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби обро мавриди истифода қарор дод. Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони ин иншоот низ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ сохта шуда, дар бунёди он 1 милиону 300 хазор сомонихарҷ гардидааст. Дар ин бинои навбунёд маҷлисгоҳ ва 15 утоқи корӣ мавҷуд мебошад. Қаблан коргузории маъмурӣ, дар бинои иҷора сурат мегирифт, ки то андозае ба талабот ҷавобгӯ набуд. Ҳамзамон бо беҳтар шудани шароити корӣ имкон аст, то хизматрасонӣ ба аҳолӣ хубтар ба роҳ монда шуда, раванди корхои созандагиву бунёдкорӣ дар ноҳия вусъат ёбад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






