О Оқилов масъалаи талошҳо барои расидан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсоларо пайгирӣ кард

Сентябрь 26, 2013 10:24

Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- 25-уми сентябр Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов дар ҳамоиши махсуси Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаи пайгирии талошҳо барои расидан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола иштирок ва суханронӣ кард. Оқил Оқилов дар ҳузури намояндагони давлатҳои иштирокчии ин ҳамоиш изҳор дошт, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2015» -ро бо мақсади татбиқи ҳадафҳои рушди ҳазорсола амалӣ гардонида, нақшаи расидан ба ҳадафҳои рушдро бо имконоту иқтидори дохилии худ татбиқ менамояд. Барои ин дар мамлакат шароити мусоиди сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда , татбиқи самараноки сиёсати буҷаи давлатӣ, шуғли аҳолӣ ва рушди иқтисоди миллӣ пеш гирифта шудааст,- таъкид намуд Оқил Оқилов. Сарвазири мамлакат аз иштирочиёни ҷаласа даъват ба амал овард,ки барои ба таври воқеӣ расидан ва татбиқ намудани ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар баробари натиҷагирӣ аз бурду бохт дар ин самт, ҳамзамон чораҳои мушахас ва иловагиро роҳандозӣ намоянд. Ба андешаи Оқил Оқилов буҳрони сартосарии озуқаворӣ, энергетикӣ, иқтисодию молиявӣ ва тағйирёбии иқлими сайёра пайваста дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола мушкилоти зиёд ба бор оварда, зарурати муттаҳидсозии имконоту иқтидорҳои мавҷудаи байниҳамдигарӣ ва андешидани тадбирҳои мушаххасу иловагиро дар ин роҳ пеш мегузорад.

Сентябрь 26, 2013 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст