Подоши амали хайр нек аст
Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Хайригул Маҳмудова). — Тайи солҳои охир бо шарофати мардони саховатпеша ва раҳмгину ғамхор ашхоси хизматкарда ва ниёзманд мунтазам дастгирӣ мешаванд, ки ин иқдоми наҷиби эшон боиси сарфарозӣ ва некӯаҳволии эшон гаштааст.Яке аз чунин шахсони саховатпеша ва марди фозил Комилов Наврӯз Одилович, директори фабрикаи шири Душанбе аст, ки бо қадрдонӣ аз шавҳари Авғонова Момагул Маҳмудов Авғон, ки тайи чандсол роҳбарии филиали ин корхона дар ноҳияи Файзободро бар дӯш дошт, дар арафаи ҷашнҳои милливу аҷдодӣ ва мунтазам ба ӯ кӯмаки модию молӣ мерасонад. Ин иқдоми хайрхоҳона ва саховатмандонаи Комилов Н. боиси сарфарозӣ ва хушнудии доимии ин зани солхӯрда гаштааст, ки то имрӯз шавҳари ӯро, ки дар қайди ҳаёт набошад ҳам, хизматҳояш аз ҷониби чунин ашхос қадрдонӣ мегардад.Бо дарназардошти гуфтаҳои боло Авғонова Момагул аз рафтори хайрхоҳонаи Комилов Н. миннатдории зиёд намуда, ҳамеша аз даргоҳи Худованд барои чунин ашхоси саховатпешаву раҳмдил саломатии бардавом, муваффақиятҳои нав ба нав ва ба подошти ин ҳама некиҳояшон файзу эҳсони ҳамешагӣ таманно дорад. Маврид ба зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлоли дар партави ҳидоятҳои пайвастаи Сарвари давлат ҷиҳати дастгирии ашхоси ниёзманд сафи мардони саховатпеша зиёд гашта, чунин амалҳои хайрхоҳона ба маротиб афзудаанд, ки нишон аз давлати иҷтимоӣ ва мардумсолори давлати Тоҷикистон аст.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






