Раддияи Хадамоти гумрук

Сентябрь 17, 2013 11:04

Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 16 сентябр ҳангоми тафтиши гумрукии мусофирони хатсайри Душанбе – Маскав ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо гумонбари гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дастгир шуданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд. Мувофиқи суханони манбаъ, аз яке аз гумонбаршудагон 2,5 килограмм героин пайдо гардид. Дафтари матбуоти Хадамоти гумрук хабари дар баъзе васоити ахбори омма паҳншударо дар мавриди он ки писари Сафири Тоҷикистон дар Беларус Қозидавлат Қоимдодов дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе бо як миқдор героин дастгир шудааст, тасдиқ намекунад. Барои халалдор нашудани тафтишот ному насаби дастгиршудагон овоза карда намешавад.Аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот гузаронида мешавад.

Сентябрь 17, 2013 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш