Сабқати ҳайати кишвар аз 12 намуди варзиш дар Алмаато

Сентябрь 6, 2013 10:40

Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Ҳайати дастаи миллии кишвар дар мусобиқаи Бозиҳои сеюми варзишии Иттиҳоди ҳамгироии иқтисодии Авруосиё (Евразия) байни наврасону бонувон, ки аз 14-ум то 21-уми сентябр дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мешавад, иштирок менамоянд. Ҳайати миллии варзишии кишвар дар мусобиқаи мазкур аз рӯи 12 навъи риштаи варзиш, бокс, гӯштинҳои тарзи озод, дзюдо, юнону-румӣ, самбо ва қураши қазоқӣ, инчунин таэквандо WTF, шиновариву варзиши сабук барои ба даст овардани медалҳои ифтихории мусобиқаи мазкур рақобат хоҳанд кард.Ҳайати варзишии кишвар ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи мазкур ба шаҳри Алмаато рӯзи 14-уми сентябр сафар хоҳанд кард.

Сентябрь 6, 2013 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш