Шиносоии Президент аз намоишгоҳи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии ҳосил дар хоҷагии деҳқонии Қалъаи Тоҷикобод

Сентябрь 26, 2013 10:11

Душанбе, 26 сентябр (АМИТ «Ховар»).-Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии деҳқонии Қалъа ташриф оварда, аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ шинос гардид. Тавре маълум шуд хоҷагидорон аз кишти зироатҳои кишоварзӣ ҳосили зиёд рӯёнида барои таъмини зиндагии хеш ва фаровонии бозори истеъмолӣ саҳми назаррас мегузоранд.Аз кишти картошка дар хоҷагии деҳқонии қалъа деҳқонон аз 1 гектар 400 сентнерӣ ҳосил гирифтаанд. Қаблан деҳқонони ноҳияҳои водии Рашт аз кишт кардани сабзию пиёз худдорӣ мекарданд, гӯё, ки иқлими ин водӣ барои парвариши ин намуди зироати кишоварзӣ номусоид бошад. Таҷрибаи деҳқонони асил дар ин самт нишон дод, ки аз кишти сабзию пиёз нисбат ба дигар ноҳияҳо дар ин минтақа чандин маротиба ҳосили зиёд гирифтан мункин аст. Бахусус дар ноҳияи Тоҷикобод кишоварзон аз тухмии хушсифат истифода карда, ҳосили фаровони сабзиву пиёз гирифтаанд. Вазни холиси 2 донаи сабзӣ ба 1 килограмро ташкил медиҳад. Ҳосили ғаладонагиҳо имсол дар ноҳияи Тоҷикобод хеле зиёд буд. Танҳо аз кишти ғалла дар заминҳои обӣ деҳқонон зиёда аз 40 сентнерӣ ҳосил гирифтанд.Президенти мамлакат ба масъулин ва хоҷагидорон дастуру ҳидоят дод, ки ҳар чи бештар аз имкониятҳои мавҷуда истифода карда, майдони кишти картошка ва дигар зироатҳои кишоварзиро тадриҷан васеъ намоянд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии Қалъа бо рафти ҷамъоварии ҳосили картошка шинос шуд. Чуноне маълум гардид, соли ҷорӣ кишоварзони ноҳия дар майдони 1081 гектар кишти картошка гузаронидаанд. Тавре хоҷагидорон иброз доштанд, бо дарназардошти дастуру хидоятхои Сарвари давлат имсол майдони кишти ин намуди зироат дар ноҳия 50 гектар зиёд карда шуда, ҳамзамон парвариши навҳои хушсифату серҳосили он ба роҳ монда шудааст.Алҳол барои ҷамъоварии хосили картошка техникаи зарурӣ ҷалб шудааст, ки аксари онҳо зимни сафари қаблии роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба деҳконону хоҷагидорони ноҳияи Тоҷикобод тӯҳфа ва қисми дигар тариқи лизинг дастрас шудаанд. Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба дуруст истифода намудани қиматтарин сарвати табиӣ – обу замин ва руёнидани ҳосили дилхоҳ ба хоҷагидорон дастуру ҳидоятҳо дода, бори дигар аз сокинони ноҳия даъват ба амал овард, ки дар баробари шаҳрвандони дигар манотиқи кишвар барои амалишавии яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ саҳмгузор бошанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Сентябрь 26, 2013 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд