Шиносоии Президент бо рафти сохтмони Маркази муосири тиҷоратӣ дар пойтахт
Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар».-Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кӯчаи Меҳнати шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо рафти сохтмони яке аз бузургтарин марказҳои муосири тиҷоратии пойтхт, ки дар майдони беш аз 10 га бо харҷи тақрибан 120 миллион сомонӣ бунёд меёбад, бевосита шинос шуд.Зимни шиносӣ бо лоиҳаи сохтмон, аз ҷумла зикр гардид, ки бинои асосии маркази тиҷоратӣ дар майдони 3,3 га ҷойгир шуда, барои фурӯши маҳсулоти ниёзи ҳаррӯзаи мардум, пеш аз ҳама хӯрокворӣ, аз қабили меваю сабзавоти тару тоза, меваю сабзавоти хушку консервашуда, қаннодӣ ва либосворию ашёи рӯзгор пешбинӣ шудааст.Тибқи нақша дар ҳамаи бахшҳои ин бозор оянда бояд беш аз 1000 ҷойи корӣ муҳайё гардад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки бинои асосӣ сеошёна сохта шавад ва таъкид намуд, ки “дар ин ҳолат он ҳамчунин хеле зебою диданӣ мешавад ва ҳам боз 300-400 ҷойҳои иловагии корӣ муҳайё мегардад”. Ҳамин тариқ оянда дар ин маркази тиҷоратӣ қариб якуним ҳазор ҷойи корӣ муҳайё хоҳад шуд.Бинои бузурги дигари марказ, ки майдони 3 гектарро ишғол хоҳад кард, барои фурӯши масолеҳи сохтмонӣ пешбинӣ гардидааст.Ҳоло дар сохтмони ин маркази бузурги тиҷоратӣ 230 нафар бинокорон бо 22 техникаю механизмҳои боркашу сохтмонӣ сафарбар гардида, кор дар 2 баст идома дорад. Ояндаи наздик шумораи бинокорон ба 350 нафар хоҳад расид.Сохтмони ин маркази бузурги тиҷоратӣ, ки дар он ҳамчунин тамоми намуди хизматрасониҳои иловагӣ, пеш аз ҳама таъмини бехатарӣ аз сӯхтор пешбинӣ шудааст, то моҳи сентябри соли 2014 бояд ба поён расад.Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






