Таҷлили Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон дар Истамбул

Сентябрь 16, 2013 10:58

Истамбул, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Катерина Аксакова). – 14 ва 15 сентябр дар шаҳри Истамбули Туркия бахшида ба 22 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои ботантана роҳандозӣ шуданд.Дар маҷлиси қабул, ки бо ибтикори Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Истамбул доир гардид, муовини ҳокими шаҳри Истамбул Козим Текин, консулҳои генералии кишварҳои хориҷии муқими шаҳри Истамбул, намояндагони аҳли тиҷорати Туркия, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Туркия муваққатан сукунат доранд, донишҷӯёни тоҷик, ҳамчунин намояндагони васоити ахбори оммаи Туркия ва Тоҷикистон иштирок доштанд. Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Истамбул Илҳом Абдураҳмонов ин чорабиниро ифтитоҳ намуда, дар бораи таърих ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои Истиқлолият нақл кард.Ноиби ҳокими шаҳри Истамбул Козим Текин зимни суханрониаш зикр намуд, ки таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба ба баландшавии сатҳи некӯаҳволии халқҳои Туркия ва Тоҷикистон мусоидат мекунад. Дар ҳошияи чорабинӣ намоишгоҳи маҳсулоти косибони Ҷумҳурии Ттоҷикистон ва намоишгоҳи китоб доир гардид, ки дар он китобҳо дар бораи таъриху фарҳанги Тоҷикистон, маводи иттилоотӣ перомуни дастовардҳои кишварамон ба маърази намоиш гузошта шуда буданд.

Сентябрь 16, 2013 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш