Теъдоди муҳоҷирони меҳнатии ҶТ дар Русия

Сентябрь 26, 2013 11:34

Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова). – Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия маълумотро дар бораи шаҳрвандони хориҷие, ки то охири моҳи августи соли 2013 дар қаламрави Федератсияи Русия сукунат доштанд, дарҷ намуд. Бино ба хабари котиби матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Қодирӣ, мутобиқи маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Русия то охири тобистони соли равон қариб 1 миллиону 230 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Русия сукунат доштанд, ки беш аз 1 миллиону 52 ҳазор нафари онҳоро мардон ва 177 ҳазор нафарашонро занон ташкил медоданд.Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ хабар медиҳад, ки тайи 8 моҳи соли 2013 — ум 655 ҳазору 418 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Федератсияи Русия рафтаанд. Аз ҷумлаи шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик 531 ҳазору 918 нафарашонро мардон ва 68 ҳазору 992 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Сентябрь 26, 2013 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш