Вазъи хадамоти геронтологӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — 13 сентябри соли равон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ дар мавзӯи «Вазъи хадамоти геронтологӣ (илм дар бораи пиршавии бадан) дар Тоҷикистон, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» мизи мудаввар баргузор мегардад. Дар чорабинӣ муовини вазири тандурустии Тоҷикистон С. Раҳмонов, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ С. Сафаров, раиси Маркази геронтологии Осиёи Марказӣ С. Камолова ва дигарон иштирок хоҳанд кард. Дар мизи мудаввар муовини вазири тандурустии Тоҷикистон С. Раҳмонов дар мавзӯи «Вазъ ва дурнамои рушди хадамоти геронтологӣ дар Тоҷикистон» ва раиси Маркази геронтологии Осиёи Марказӣ С. Камолова оид ба «Дастрасии пиронсолон ба соҳаи тандурустӣ аз рӯи хулосаи миллӣ оид ба пиршавӣ. Таҷрибаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар таъмини зиндагии сазовор дар пиронсолӣ» маърӯза хоҳанд кард. Чорабинии мазкур аз ҷониби Маркази геронтологии Осиёи Марказӣ, Вазорати Тандурустии ҶТ ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ баргузор хоҳад гашт. Пас аз маърӯзаҳо масъалаҳои марбут ба геронтология баррасӣ мегарданд. Инчунин дар назар аст, ки дар конфронс ба духтурони оилавии соҳаи геронтология шаҳодатномаҳо (сертификат) супорида шаванд. Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби иштирокчиён қарорҳо қабул хоҳанд гашт.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






