Забон- рукни асосии давлатдорист

Сентябрь 25, 2013 10:47

Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лайло Қасимова).- 23-юми сентябри соли равон дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар мавзӯи «Забон- рукни асосии давлатдорист» семинари илмӣ-назариявӣ доир гардид. Дар чорабинӣ омӯзгорон, шунавандагони Академия, олимони забоншиносу дигар меҳмонони расмӣ иштирок намуданд. Семинарро сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Абдулҳакими Розиқзода ифтитоҳ бахшида, роҷеъ ба моҳияти забон ва аҳамияти он дар замони муосир сухан кард.Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон профессор Баҳриддин Камолиддинов зикр кард, ки дар ҳар марҳила ва сохти давлатдорӣ маҳз забон ифодагари ҳастии миллат маҳсуб ёфта, хештаншиносиву ҳисси ватандӯстиро ифода месозад ва шукр, ки баъд аз солҳо бо туфайли ба даст овардани истиқлолияти кишвар забони тоҷикӣ мақоми давлатиро соҳиб гашт.Нуқра Аҳмадова ва Маҳмад Муродов, намояндагони Кумитаи забон ва ислоҳот оид ба моҳияти забони давлатӣ ва боз ҳам дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» дар ҳамаи самтҳои фаъолият, аз ҷумла дар мақомоти корҳои дохилӣ ибрози назар карданд.Иштирокчиёни семинар бахусус шунавандагони Академияи мазкур, аз ин ҷамъомади пурмуҳтаво таассуроти амиқе бардоштанд.Чунин ҷамъомадҳо дар дигар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ низ баргузор гашта истодаанд.

Сентябрь 25, 2013 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш