Ҷаласаи назоратӣ оид ба муҳоҷират дар Ҷиргатол

Октябрь 29, 2013 09:24

Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Ба иттилои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи 1 ноябри соли 2013 бо мақсади иҷрои Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супориши муовини Сарвазири мамлакат Руқия Қурбонова дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷиргатол ҷаласаи назоратӣ ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ҳудуди ноҳияи Ҷиргатол ва ноҳияҳои минтақаи Рашт ба мавзеи Лахши ноҳияи Ҷиргатол” баргузор мегардад. Дар назар аст, ки дар он мудири шуъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини вазорату идораҳои дахлдор иштирок менамоянд.

Октябрь 29, 2013 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш