Баррасии баргузории чорабиниҳои СҲШ дар ҳузури Сарвазири Тоҷикистон

Октябрь 5, 2013 11:07

Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Имрӯз дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов нахустин ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва гузаронидани ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Тавре таъкид шуд, раёсат дар СҲШ дар давраи солҳои 2013-2014 бар уҳдаи Ҷумҳурии Тоҷикисстон вогузор шуда, ҷаласаҳои сатҳу зинаҳои гуногуни ин созмон дар давраи мазкур дар Тоҷикистон гузаронида мешаванд. Оқил Оқилов аъзои Кумитаи тадорукот, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакатро вазифадор намуд, ки дар давоми 10 рӯз нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои сатҳи баланди СҲШ-ро таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Октябрь 5, 2013 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш