Боздиди Оқил Оқилов аз маҳали бунёди роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент

Октябрь 28, 2013 10:24

Душанбе, 28 октябр. (АМИТ “Ховар”, Фарзона Ашӯрмадова).-Зимни сафари кории худ сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов аз маҳали бунёди роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент дидан карда,бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ бевосита шинос гардид. Оқил Оқилов аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингард изҳори норизогӣ карда, барои тезонидани ҷараёни корҳо ва мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ татбиқ намудани лоиҳаи пешбинишуда ба роҳбарияти Вазорати нақлиёт, роҳбарияти вилоят, шаҳри Панҷакент, ноҳияи Айнӣ ва ба масъулону сохтмончиён дастуру супоришҳои мушаххас дод. Бо назардошти он, ки вазъи сохтмон дар ҳама қитъаҳои роҳи мошингард нигаронкунанда мебошад, аз ҷумла дастур дода шуд, ки шумораи техникаю таҷҳизоти сохтмонӣ афзун карда шуда, сохтмони пулҳое, ки дар лоиҳа пешбинӣ шудаанд, вусъат дода шавад. Дар айни замон дар маҳали сохтмон 189 адад техникаю таҷҳизот ва 580 нафар мутахассис ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардидаанд, ки 300 коргари он аз аҳолии маҳаллӣ мебошад.

Октябрь 28, 2013 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш