Дар Хатлон қариб 225 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуд
Қӯрғонтеппа, 11 октябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – Тавре ки аз Раёсати кишоварзии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, то 10 октябр дар вилоят 224 ҳазору 977 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ин 83, 3 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Деҳқонони Сарбанд ва Қӯрғонтеппа дар ҷамъоварии пахта ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд. Пахтакорони ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус ва Хуросон дар арафаи иҷрои уҳдадориҳояшон қарор доранд.
Имсол дар вилояти Хатлон дар масоҳати 128 ҳазору 123 гектар чигит кишт шудааст. Деҳқонони вилоят ният доранд, ки дар мавсими соли ҷорӣ 270 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд.








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






