ФФТ беҳтарин бозингар ва беҳтарин мураббиву доварро муайян кард

Октябрь 10, 2013 11:29

Душанбе, 10 октябр. (АМИТ “Ховар”, Фарзона Ашӯрмадова).- Федератсияи футболи Тоҷикистон беҳтарин бозингар, беҳтарин мураббӣ ва беҳтарин довари моҳи сентябрро муайян кард.Тавре ки дар ин бора сомонаи федератсия хабар додааст, ФФТ бозингари беҳтарин дар моҳи сентябр Саламон Течи, нимҳимоятгари дастаи “Равшан”-и Кӯлобро донистааст ва беҳтарин мураббӣ дар ин моҳ Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи “Вахш”, беҳтарин довар Раҳмон Муртазоев, довар аз пойтахт дониста шуд.Гуфта мешавад, ки ФФТ аз рӯи баргузории бозиҳои моҳ, ки дар ин моҳ се даври бозии мусобиқоти кишвар ва ҳамчунин давраҳои чорякниҳоӣ ва нимниҳоии Ҷоми “Тоҷикистон-2013” баргузор гардид, натиҷагирӣ кардааст. Ба иттилои манбаъ, ғолибони моҳ бо 500 сомонӣ мукофотонида мешаванд.

Октябрь 10, 2013 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш