Ифтитоҳи мактаби нав дар ноҳияи Спитамен
Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Дирӯз зимни сафари корӣ раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар ҷамоати деҳоти Хуррамзамини ноҳияи Спитамен бинои нави мактаби таҳсилоти умумии № 20-ро мавриди истифода қарор дод. Бояд гуфт, ки Хуррамзамин аз дуртарин ҷамоатҳои деҳоти Спитамен буда, дар минтақаи наздисарҳадӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷойгир шудааст. Қоҳир Расулзода дар назди шогирдону устодон ва сокинони ҷамоат суханронӣ намуда, аз таваҷҷуҳи давлату ҳукумати кишвар ба соҳаи маориф дар солҳои охир ёдовар шуд. Зикр гардид, ки аз оғози соли ҷорӣ дар миқёси вилоят сохтмони 44 иншооти таълимӣ ба охир расида, таъмиру барқарорсозии 100 иншооти дигар маблағгузорӣ шудааст. Мавриди зикр аст, ки бинои асосии мактаби № 20 –и ҷамоати деҳоти Хуррамзамин соли 1968 барои 120 нафар хонанда сохта шуда, сохтмони синфхонаҳои иловагии мактаб аз соли 1991 инҷониб нотамом боқӣ монда буд. Он ҳамакнун дар заминаи муроҷиати сокинон бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳаҷми 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст, ки аз 8 синфхона иборат мебошад. Алҳол дар ин мактаб ба 277 нафар хонандагон 24 нафар омӯзгорон дарс мегӯянд. Фармоишгари ин иншооти таълимӣ Идораи сохтмони асосии вилоят буда, пудратчии он Колоннаи сайёри механиконидашудаи № 5 мебошад.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






