Ифтитоҳи мактаби нави замонавӣ дар деҳаи Саричашмаи ноҳияи Восеъ ва идомаи боздид аз шаҳри Кӯлоб
Душанбе, 29 октябр (АМИТ «Ховар).- Ифтитоҳи мактаби нави замонавӣ дар деҳаи Саричашмаи ноҳияи Восеъ ва идомаи боздид аз шаҳри Кӯлоб Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Саричашмаи ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ ташриф оварда, мактаби нави замонавии онро ифтитоҳ намуд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба либоси ягонаи мактабӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид дошт, ки бояд роҳбарияти мактабҳо бо корхонаҳои дӯзандагии ватанӣ мустаҳкам ва мутақобилан судманд бошад.Тавре зикр гардид, мактаби пешинаи ин деҳа ҳанӯз солҳои 50 уми асри гузашта бунёд ёфта, дар ҳолати садамавӣ қарор доштааст.Мактаби нави деҳа бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҳоли ногувори мактаби кӯҳна тавассути барномаҳои телевизиони тоҷик огоҳ гардида буд, дар зарфи як соли охир бо харҷи 1,7 миллион сомонӣ сохта ва бо ашёву таҷҳизоти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз гардидааст.Мактаббачагони сипосгузори ин деҳа шодию фараҳи беандозаи худро бо шеъру сурудҳои дилнишин арза доштанд. Аз ҷумла суруди аллаи хонандаи синфи 10 мактаб Дилноза Аҳмадова бо ҳамсадоии дутор аз гурӯҳи духтарони дуторнавоз дар сатҳи баланди касбӣ иҷро гардид. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ин лаҳза ва ҳунари волои ин духтари деҳотӣ ҳаловат бурда, ба масъулин дастур дод, ки ӯро барои шомил шудан ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон омода созанд, то оянда ҳунари худро сайқал дода, ба Ватан хизмат кунад.Тавре аён гардид, бинои мактаб якошёна буда, барои 840 нафар хонанда дар 2 баст пешбинӣ шудааст.Дар синфи муҷаҳҳази таърих, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар деҳаҳои гуногуни ноҳияи Восеъ дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносон бозмондаҳои чандин шаҳру шаҳристонҳои қадимӣ пайдо гардидасст, ки баъзеи онҳо таърихи беш аз 5 ҳазорсола доранд.Сипас боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб идома ёфт.Дар ин шаҳри бостонӣ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст се корхонаи истеҳсолӣ, ки ба тавлиди сангу шағал, асфалт, бетон ва дигар масолеҳи сохтмонӣ, коркарди аввалияи пахта, бастубанди гиёёҳҳои шифобахшу меваи хушк машғуланд, ифтитоҳ ёфт.Дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба 328 ятими кулл аз 7 шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва 10 ҷуфти навхонадорону 150 кӯдаки хатнашаванда аз оилаҳои ниёзманди шаҳри Кӯлоб кумаки яквақтаи моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






