Ифтитоҳи як зумра биноҳои нав дар маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон
Душанбе, 9 октябр (АМИТ «Ховар»).-Дар маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 5 иншооти нав, ки бо маблағгузории ҷумҳуриявӣ бунёд ёфтаанд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва ба сохтмони як бинои панҷошёнаи истиқоматӣ оғоз бахшида шуд.
Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои комиссариати ҳарбии ноҳияи Шуғнонро ифтитоҳ намуд. Тавре аён гардид, дар ин бино беҳтарин шароити кору хизмат барои кормандони комиссариати ҳарбӣ муҳайё гардидааст.
Сипас бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон биноҳои нави прокуратура, шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ва шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шуғнон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар ин биноҳо шароити хеле хуб омода карда шудааст. Бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар ин ноҳия, аз ҷумла толори барҳавои варзишӣ низ, ки барои кормандони ин соҳа басо муҳим аст, дорад.
Чунонки аён гардид, сохтмони даҳҳо биноҳои нави маъмурӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон-шаҳраки Ваҳдат идома дорад. Танҳо аз соли гузашта пас аз супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо сохтмони 40 иншоот бо маблағгузории ҷумҳуриявӣ оғоз ёфта буд.
Дар ҳамин ҷо имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба сохтмони бинои панҷошёнаи истиқоматӣ, ки аз ҷониби бонки саҳҳомии Тоҷиксодиротбонк бунёд хоҳад ёфт, оғоз бахшида шуд.
Тавре зикр гардид, ин бино бо 32 хонаи истиқоматӣ дар давоми 1 сол сохта мешавад. Роҳбарияти бонки мазкур бо пешниҳоди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон уҳдадор шуд, ки 16 хонаи онро ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ барои тақсим кардан ба ходимони давлатӣ ҳадя намоянд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






