Интихобот: 6 номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 10, 2013 11:50

Эмомалӣ Раҳмон — номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Эмомалӣ Раҳмон 5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1969, баъд аз хатми Омўзишгоҳи касбию техники № 40- и шаҳри Калининобод (ҳоло Сарбанд), ба ҳайси устои барқ дар корхонаи равғанкашии шаҳри Қурғонтеппа шурўъ намудааст.
Солҳои 1971- 1974 дар Флоти уқёнуси Ором дар хизмати ҳарбӣ буд. Пас аз хизмати ҳарбӣ ба зодгоҳи худ баргашта, дар совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор кардааст.
Соли 1982 факултети иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуд.
Солҳои 1976- 1987 дар вазифаи котиби раёсат, Раиси иттифоқҳои касабаи совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд. Сипас дар мақомоти ҳизбӣ фаъолият дошт.
Аз соли 1987 то соли 1992 директори  совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд.
Соли 1990 Эмомалӣ Раҳмон вакили мардумӣ дар Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати XII интихоб мешавад. Тирамоҳи соли 1992 Раиси кумитаи иҷроияи Шўрои намояндагони халқи вилояти Кўлоб интихоб гардид.
19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
6 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
6 ноябри соли 1999 Эмомалӣ Раҳмон дар асоси алтернативӣ ва бо овоздиҳии умумихалқӣ бори дуюм ба муҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
6 ноябри соли 2006 Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи озоду шаффофи демократӣ дар асоси алтернативӣ бори сеюм ба мўҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Каҳрамони Тоҷикистон (аз 11 декабри соли 1999) мебошад.
Оиладор ва соҳиби нўҳ фарзанд аст.

 
———-
Самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ([attachment=14]).
 
 
 
_________________________________________
 
Бухориев Толибек — номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Бухориев Толибек Аҳмадович 3 сентябри соли 1954 дар   ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Мактаби миёнаро дар ҳамин ноҳия хатм намуда, соли 1973 ба факултаи агрономии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон дохил гардида, онро соли 1978 бо ихтисоси агроном — олим хатм кардааст. Баъди хатми Донишгоҳ дар вазифаҳои лаборанти калони шуъбаи селексия ва тухмипарварии пахтаи Институти илмию таҳқиқотии зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва баъдан муаллими Техникуми политехникии ш.Душанбе кор ва фаъолият намудааст.
Соли 1979 ба ҳайси ходими хурди илмии кафедраи хокшиносӣ ва агрокимиёи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон кор карда, соли 1980 ба шуъбаи рўзонаи аспирантураи ИХҚТ дохил мешавад ва рисолаи номзади илмҳои хоҷагии қишлоқро соли 1985 дифоъ менамояд. Солҳои 1983 — 1990 дар кафедраи растанипарварии институти мазкур ба ҳайси ассистент, омўзгори калон ва солҳои 1990 – 1993 ба сифати дотсенти кафедраи мазкур фаъолият намудааст.
Бухориев Т.А. соли 1993 ба шуъбаи рўзонаи докторантураи Академияи кишоварзии ба номи К.А.Тимирязеви шаҳри Москва дохил шуда, соли 1997  рисолаи доктори илмҳои кишоварзиро бомуваффақият ҳимоя менамояд.
Солҳои 1997 — 2001 мудири кафедраи растанипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро ба дўш доштааст.  Аз моҳи апрели соли 2001 то 22 феврали соли 2008 дар вазифаи директори генералии Иттиҳодияи илмии истеҳсолии «Зироаткор»  — АИКТ кор ва фаъолият намудааст.
Аз моҳи феврали соли 2008 ин ҷониб дар вазифаи ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон кор мекунад. Соли 2001ба унвони узви вобаста ва соли 2009 академики Академияи илмҳои кишоварзӣ мушарраф гардидааст.
Дар конференсия ва симпозиумҳои байналмилалӣ иштирок ва маъруза намуда, илми кишоварзии ҷумҳуриро муаррифӣ намудааст. Муаллифи зиёда аз 100 номгўи мақолаву китоб ва 8 навъи зироати кишоварзи буда, дар соҳаи илми кишоварзӣ саҳми босазо гузошта шогирдони зиёдеро низ тарбият намудааст.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.
———-
Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон Бухориев Т.А. ([attachment=15])
 
 
 
 
__________________________________
Олимҷон Бобоев — номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Бобоев Олимҷон 5 январи соли 1952 дар оилаи омӯзгори фанни риёзӣ, дар деҳаи Нилӯи ноҳияи Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.Соли 1967 ба Донишкадаи политехникии Тоҷикистон ба шӯъбаи «Иқтисод ва ташкили нақлиёти автомобилӣ» дохил шуда, онро соли 1972 хатм намуда, дар донишкадаи мазкур ба сифати ассистенти кафедраи «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот» то соли 1975 фаъолият намудааст.Аз соли 1975 то соли 1979 дар шӯъбаи рӯзонаи аспирантураи Институти идораи давлатии Москва айни ҳол Донишгоҳи идории давлатии Москва, таҳсил намуда, рисолаи номзадиро дар мавзўи «Тадбирҳои баланд бардоштани дараҷаи ташкилию техникии корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ» дифоъ менамояд.Аз соли 1979 то соли 1991 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба ҳайси ассистент, муаллими калон, дотсент, мудири кафедра фаъолият намуда, дар ин марҳала як қатор корҳои илмӣ-тадқиқотиро ба анҷом расонидааст. Таҳти роҳбарӣ ва иштироки бевоситаи Бобоев Олимҷон як силсила тадқиқотҳо оид ба такмили шабакаи хатҳои сайри нақлиёти мусофирбари дохилишаҳрии шаҳрҳои Душанбе (1984-1985), Хуҷанд (1983), Қӯрғонтеппа -Калининобод (1984), хизматрасонии нақлиёти технологии Иттиҳодияи истеҳсолии «Заря Восток» — и ш.Табошар (1991-1992) ба анҷом расида буд, ки татбиқи натиҷаҳои илмии ин тадқиқотҳо ба иқтисодиёт ва аҳолии ин шаҳрҳо фоидаи калони иқисодию иҷтимоӣ овардаанд.Солҳои 1991-1993 дар докторантураи рӯзонаи Пажӯҳшгоҳи иқтисоди ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии Академияи илмҳои Тоҷикистон таҳсил намуда, дар мавзӯи «Методологияи мутобиқгардонии корхонаҳои саноатӣ ба шароити иқтисоди бозорӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намуда, ба гирифтани унвони илмии доктори илми иқтисод мушараф гардидааст..Пайваста дар амал татбиқ гардидани натиҷаҳои илмии ин олими шинохтаи риштаи иқтисод боиси рўз ба рўз баланд гардидани обрую эътибори устод дар доираи илмии мамлакат ва берун аз он мегардад. Соли 1995 аз тарафи Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Руссия ба гирифтани унвони профессори фанни тиҷорат ва бозорёбӣ мушараф мегардад. Бобоев Олимҷон роҳбари лаёқатманд, ташкилотчии хуби ҷараёни истеҳсолот, илм ва маорифи ҷумҳурӣ мебошад. Солҳои 1994-2000 ҳамчун ректор таҳти роҳбарии ӯ Донишкадаи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон аз як филиали хурд, то ба дараҷаи муассисаи олии бонуфузи ҷумҳурӣ ташаккул ёфт. Дар ин солҳо омўзондани кадрҳои иқтисоди бозорӣ аз рӯи сенздаҳ ихтисосҳои нав ба роҳ монда шуданд, ки бисёре аз хатмкунандагони он имрузҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ва беоун аз кишвар фаъолият менамоянд.Хизматҳои шоёни Олимҷон Бобоев дар ин марҳала, аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1999) қадр гардидааст.Бо ташаббуси ӯ ва дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарияти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин бор «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии наќлиёт» (2000) ва «Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон» (2003) таъсис дода шуд, ки роҳбарии ин муассисаҳо ба ӯҳдаи Бобоев Олимҷон гузошт шуда буд. Дар ин донишкада боз нӯҳ ихтисоси нав дар соҳаҳои нақлиёти ҳавоӣ, роҳи оҳан ва автомобилу роҳсозӣ таъсис дода шудаанд.Солҳои 2009-2010 Бобоев Олимҷон ба ҳайси ректори Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон таъин шуда, дар ин муссиса ҳам боз чор ихтисоси нави замонавӣ мекушояд ва ба тайёркунии кадрҳои замонавӣ оғоз мебахшад.Бобоев Олимҷон солҳои 2008-2009 дар вазифаи муовин ва солҳои 2010-2011 дар вазифаи вазири нақлиёт ва коммуниктсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.Аз соли 2011 то ҳол дар мансаби директори Институти иқтисод ва демографияи Академия илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа мекунад.Соли 2001 академики Академияи байналхалқии нақлиёт (Руссия) интихоб гардидааст. Зиёда аз 100 асру мақолаҳои илмӣ ва китобҳои дарсӣ ба чоп расонидааст. Бобоев Олимҷон соли 1990 номзад ба намояндагии парлумони кишвар аз ҳавзи интихоботии Алмосии н.Ҳисор пешниҳод шудааст; соли 2005 намояндаи халқи ш.Душанбе дар маҷлиси шаҳрӣ интихоб гардидааст. Соли 2005 дар Анҷумани якуми Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон раиси хизб интихоб гардида, дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006 ба ҳайси номзад ба ин мансаби Олӣ иштирок намудааст.Оиладор. Панҷ фарзанд дорад.———-
Самтҳои асосии барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Бобоев О. ([attachment=16])
 
  ____________________________
Абдуҳалим Ғаффоров — номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Абдуҳалим Ғаффоров 24.12.1951 дар деҳаи Кулолии ҷамоати Рудакии ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд аз оилаи деҳқон ба дунё омадааст
Соли 1958 ба мактаби миёнаи №7 ба номи Рўдакӣ дохил шуда, соли 1968 онро бо муваффақият хатм кардааст. Аз соли 1968 ба факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омўзгории ба номи Т.Г.Шевченко (ҳозир С.Айнӣ) дохил  шуда, соли 1972 онро хатм кардааст.
Нахустин фаъолияти эҷодии худро аз лаборанти калони шўъбаи фалсафаи А.У.Тоҷикистон оғоз намуда, соли 1973 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи  Иттиҳодияи Шуравӣ дар вилояти Новгород адои вазифа кардааст.
Аз соли 1975 дар кафедраи марксизм- ленинизм ва таърихи КПСС-и Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон  кор карда, соли 1982 то соли 1986 дар Ҷумҳурии Демократии Афгонистон вазифаи интернасионалистии худро иҷро намуда, аз соли 1986 то соли 2002 дар кафедраи педагогика ва   психологияи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода фаъолият кардааст.
Соли 1997 рисолаи номзадии хешро дар мавзўи «Роли коллективҳои истеҳсоли дар тарбияи муносибати коммунистӣ мактаббачагони синни калони мактаб бо меҳнат»-ро дифоъ намудааст.
Соли 2002 муовини аввали ректори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони маориф, соли 2004 то 06/12/2006 мутахасиси пешбари шўъбаи забони Вазорати маорифи ҶТ ва аз 06.12.2006 то соли 2011 Сардори Маркази такмили ихтисоси кормандони мактабҳои олии Донишгоҳи миллии Тоxикистон буд.
Аз 04.03.2011 то ҳозир  Директори Донишкадаи такмили ихтисоси омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ мебошад. А.Uаффоров аз соли 1998 то 2004 Раиси Кумитаи Иxроияи ҲСТ-ро дар  дўш дошт.
Соли 2004 дар Анҷумани V ғайринавбатии ҲСТ раиси Кумитаи Иxроияи Марказии ҲСТ интихоб гардид. Соли 2006 аз тарафи ҳизб номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоxикистон буд.
Абдуҳалим Ғаффоров муаллифи 8 дастури методӣ ва зиёда аз 100 мақолаҳои  илмӣ-методӣ буда, тарҷумаи «Ванга» ва «Таронаҳои Билитис» ба қалами ў дахл доранд.
Ғаффоров  А.  бо медали «Барои шуҷоат», «5-10-20 солагии Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ»,  «Барои дифоъи Москва» «За ротную доблесть»  130 солагии Сталин, Ифтихорномаи Консули Генералии СССР дар Мазори Шариф, «Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Нишони Ҷанговари интернасионалист», «Ветеран боевых действий», «20 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоxикистон», «20солаги баровардани Қувваҳои Советb аз Афгонистон»  мукофонида шудааст.
 
———-
Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Ғаффоров А. ([attachment=17])
_________________________________
Саидҷаъфар Исмонов — номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ман, Исмонов Саидҷаъфар Исмонович 4 ноябри соли 1960 дар деҳшўрои Ватани ноҳияи Фархор дар оилаи омўзгор таваллуд шудаам.
Аз моҳи сентябри соли 1967 то моҳи июни соли 1977 дар мактаби миёнаи №5 ба номи Калинини ноҳияи Фархор таҳсил намудаам.
 
СОБИҚАИ  КОРӢ:
1. 11.1977 – 07.1978 — Коргузори мактаби миёнаи №5-и ноҳияи Фархор
2. 09.1978–09.1983 — Донишҷўи факултаи иқтисодии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон
3. 11.1983-11.1984 —  Иқтисодчии бонки сохтмонии вилояти Қурғонтеппа
4. 11.1984–01.1989 – Корманди Кумитаи комсомоли шаҳр ва вилоятии вилояти Қўрғонтеппа
5. 01.1989-10.1991 – Нозири Кумитаи назорати халқии шаҳри Қўрғонтеппа
6. 10.1991–05.1992 – Раиси кооперативи истеҳсолии «Хатлон»-и ноҳияи Ховалинг
7. 07.1992–04.1996 – Хизмат дар Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
8. 04.1996-05.1997 – Мудири шўъбаи Иттифоқи ҷавонони шаҳри Душанбе
9. 05.1997-08.1999 – Сардори идораи коргузории Бонки Миллии Тоҷикистон
10. 09.1999-01.2002- Директори маркази техникии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
11. 01.2002–09.2002 – Хизмат дар Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
12. 09.2002 -02.2004 – Сардори полиси андози шаҳри Турсунзода
13. 03.2004 -12.2006 – Ноиби ректори Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон
14. 12.2006 -12.2012 – Соҳибкор
15. 12.2012  то имрўз – Раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон
 
Соли 2001 рисолаи номзади илмҳои иқтисодиро дар мавзўи «Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат дар шароити бозаргонӣ, дар ҳолати зиёд будани қувваи корӣ»-ро ҳимоя кардам.
———-
Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Демократи Тоҷикистон Исмонов C. ([attachment=18])
__________________________________
Исмоил Талбаков  — номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Ман Талбаков Исмоил Иброимович 24 марти соли 1955 дар деҳаи Ҳасанбегии ноҳияи Совет, вилояти Кўлоб дар оилаи коргар таваллуд ёфтаам.
Падарам Талбаков Иброим соли 1932 дар деҳаи Қайчуваки ноҳияи Восеъ таваллуд ёфта, ронанда шуда кор мекард.
Модарам Шарипова Ойҷамол соли 1933 дар деҳаи Ҳасанбегӣ, ноҳияи Совет таваллуд ёфта, коргар буд.
Соли 1972 мактаби миёнаи рақами 1 ноҳияи Темурмалик (Совет)- ро хатм намуда, ба Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон факултаи иқтисодиёт дохил шуда, онро соли 1976 бо гирифтани ихтисоси иқтисодчӣ ба итмом расонидам. Баъди хатми Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон дар идораи хоҷагии қишлоқи ноҳияи Темурмалик (Совет) ба сифати сариқтисодчӣ то соли 1980 кор кардам.  Аз соли 1979 то соли 1991 аъзои Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шуравӣ буда, аз соли 1991 то инҷониб аъзои Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон мебошам.
Соли 1980 ба кумитаи ҳизбии ноҳияи Темурмалик (Совет) ҲКТ ҳамчун инструктор ба кор гузашт то соли 1981 кор кардам. Аз соли 1981 то соли 1983 дар қисми ҳарбии 22451 Округи ҳарбии Осиёи Миёнаи ордени Байрақи Сурхдори Вазорати дифои ИҶШС дар вазифаи ҷонишини командири рота оид ба қисми  сиёсӣ хизмат намудам.
Аз соли 1983 то соли 1990 дар кумитаи ҳизбии ноҳияи Темурмалики (Совети) ҲКТ дар вазифаҳои инструктор, мудири шўъбаи ташкилӣ ва котиби дуюми кумитаи ҳизбии ноҳиявии ҲКТ ва инструктори шуъбаи корҳои ташкили — ҳизбии кумитаи вилоятии Кўлобии ҲКТ  адои вазифа намудам. Аз соли 1990 то 1993 дар вазифаи котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳияи Темурмалик (Совет) ҲКТ кор кардам.
Аз соли 1993 то соли 2000 котиби якўми кумитаи ҳизбии минтақавии Кўлоби ҲКТ шуда кор кардам.
Аз соли 2000 то соли 2005 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда ҳамчун узви Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия фаъолият намуда, ҳамзамон муовини раиси фраксияи ҲКТ-ро дар Парлумон ба ўҳда доштам. Ҳамчунин, узви кумитаи умумӣ оид ба масъалаҳои иқтисод, илм, технология ва муҳит дар Ассамблеяи парламентии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо будам.
Соли 2005 бори дуюм вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон интихоб шуда  ба ҳайси аъзои Кумита оид ба иқтисод, буҷет, молия ва андоз фаъолият доштам.
Соли 2005 дар Пленуми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон котиби Кумитаи Марказии ҲКТ интихоб шуда то ҳол фаъолият дорам.
Анҷумани XXVII ҲКТ аз 23.09.06 номзадии манро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда буд.
Соли 2010 бори сеюм вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон интихоб шуда то ҳол ба ҳайси аъзои Кумита оид ба иқтисод ва молия фаъолият мекунам.
Ҳамзамон муовини раиси Комиссияи иқтисодӣ-иҷтимоии Созмони Амнияти Дастаҷамии Ассамблеяи байни парлумонии ИДМ мебошам.
Анҷумани XXХ-уми(ғайри навбатии) ҲКТ аз 23.09.06 номзадии манро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.
Оиладор соҳиби 4 фарзанд мебошам.
Худам ва ягон нафар аз хешовандони наздикам ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида ва ё суд ҳам нашудаанд.
———-
Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон Талбаков И. ([attachment=19])  

 

 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Октябрь 10, 2013 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст