Изҳороти КМИР оид ба мулоҳизаҳои Ш. Ҳакимов
Душанбе, 8 октябр (АМИТ «Ховар»).- Санаи 7-уми октябри соли ҷорӣ дар сомонаи ASIA-Plus хабаре нашр шудааст, ки дар он муовини Раиси ҲСДТ Ш.Ҳакимов дар хусуси аз ҷониби КМИР тамдид намудани мўҳлати ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзад ба мансаби Президенти ҶТ мулоҳизаронӣ намудааст. Ш. Ҳакимов изҳор менамояд, ки КМИР ҳатто дар мавриди мавҷудияти муроҷиати ҳизбҳои сиёсӣ низ ваколати баррасии масъалаи тамдиди мўҳлати ҷамъоварии имзоҳоро ба ҷонибдории номзад ба мансаби Президенти ҶТ надорад ва бо содир намудани чунин амал муқаррароти қонунро вайрон намудааст. Гузашта аз ин, мавсуф қайд намудааст, ки ба хотири вайрон накардани меъёри қонун ИНИТ-ро лозим аст, ки аз ширкати минбаъда дар ин раванд худдорӣ карда, интихоботро бойкот эълон намояд. Ба маълумоти Ш.Ҳакимов мерасонем, ки КМИР мувофиқи Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазифадор аст, то ариза, шикоят ва ҳаргуна муроҷиатеро, ки ба унвонии ин мақом ворид мешавад, баррасӣ карда, аз рўи онҳо қарори дахлдор қабул намояд. Мувофиқан, ба унвонии КМИР аз ҲДТ, ҲСТ ва ҲКТ дархост ворид шуда буд, ки барои пурра ба сомон расонидани маъракаи ҷамъоварии имзоҳо ва ҷамъ овардани 5%-и муқаррарнамудаи Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ, мўҳлати ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзадҳо ба мансаби Президенти ҶТ тамдид карда шавад. Ҷиҳати муайян намудани мавқеъ ва манзур намудани посухи расмӣ ба чунин дархости намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ КМИР ҷаласаи махсус баргузор намуда, масъалаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дод. Дар натиҷа дар асоси талаботи моддаҳои 12 ва 24-и Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарори КМИР доир ба тамдиди мўҳлати ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзадҳо ба мансаби Президенти ҶТ то соати 18.00-и санаи 10.10.2013 қабул карда шуд.Нисбат ба муҳлати бақайдгирии номзадҳо қонунгузор муқаррар намудааст, ки бақайдгирии номзадҳои ба мансаби Президент пешбаришуда ва шахсони боэътимоди онҳо аз тарафи КМИР дар давоми се рўз аз лаҳзаи расидани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, вале на дертар аз 25 рўз то интихобот сурат мегирад. Дар сурати сари вақт супоридани ҳуҷҷатҳои дахлдор КМИР онҳоро бояд дар муддати 3 рўз баррасӣ намуда, дар бораи бақайдгирии номзадҳо қарори дахлдор қабул намояд. Аз моҳияти муқаррароти моддаи мазкур оид ба муҳлати ниҳоии бақайдгирии номзадҳои ба мансаби Президент пешбаришуда бармеояд, ки қонунгузор барои КМИР бо назардошти ҳолатҳои пешбининашаванда ва дар қонун зикрнагардида барои бақайдгирии номзадҳо 5 рўз вақт додааст. КМИР бо истифода аз қисми 16-и моддаи 12 Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дигар ваколатҳои онро вобаста ба ташкил ва баргузор намудани интихоботи Президенти ҶТ пешбинӣ намудааст, аз ҳисоби панҷ рўзи ба КМИР вогузоршудаи бақайдгирии номзадҳо се рўзашро барои ба охир расонидани ҷамъоварии имзоҳо ҷудо намуд. Мувофиқан, дар ин раванд масъалаи муҳим муҳлати бақайдгирии номзадҳои пешбаригардида мебошад, ки қонунгузор онро на дертар аз 25 рўз то интихобот муқаррар намудааст ва он аз ҷониби КМИР қатъиян риоя мегардад. Қарори КМИР оид ба тамдиди муҳлати ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории номзадҳои пешбаригардида бо дарки пурраи масъулият аз ҷониби ин мақом қабул шудааст. Мақсади асосии он таъмини баргузории интихоботи демократӣ, шаффоф ва иштироки васеи номзадҳо дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ мебошад. Ҳамин тариқ, қарори КМИР ба талаботи қонунгузорӣ дар бораи интихоботи Президенти ҶТ ба пуррагӣ ҷавобгў аст ва ягон муҳлат оид ба раванди интихобот халалдор нашудааст.
Маркази матбуоти КМИР








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






