Изҳороти Сергей Наришкин пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон
Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия Сергей Наришкин, ки 7-уми октябр дар шаҳри Душанбе анҷом ёфт, як силсила масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи миёни ду кишвар баррасӣ шуд. Сергей Наришкин пас аз дидору мулоқоташ бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури намояндагони ВАО гуфт: «Зимни мулоқот бо ҷаноби Президент мо масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи миёни Тоҷикистону Русияро дар самтҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор додем. Ҳамчунин ҳайати вакилони думаи давлатӣ бо ҳамтоёни тоҷики худ мулоқот анҷом доданд, ки зимни он мо ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва он масоилеро, ки ба муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишвар рабт доранд, баҳсу баррасӣ кардем. Ман аз он хушҳолам, ки Парлумони Тоҷикистон дар арафаи сафари расмиам ба ин кишвар созишнома дар хусуси тамдиди муҳлати будубоши пойгоҳи низомии 201 – уми Русия дар марзи Тоҷикистонро қабул кардааст». Раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия ин созишномаро ҳуҷҷати стратегӣ унвон карда, иброз намуд, ки «ба имзорасии он роҳи наверо ҷиҳати ҳамкориҳои густурда байни Тоҷикистону Русия боз мекунад». Ба қавли С. Наришкин «тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии 201 – ум метавонад амнияти Русия, Тоҷикистон ва дар маҷмуъ, суботи минтақаро аз хатарҳои ҷаҳони муосир ҳифз намояд. С. Наришкин дар идомаи изҳороти худ гуфт: «Мо дигар масъалаҳои барои ҳарду кишвар муҳим, аз ҷумла муҳоҷирати меҳнатиро мавриди баррасӣ қарор додем. Дар айни замон бастаи ҳуҷҷатҳои марбут ба ин масъала ба монанди Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Русия мавриди иҷро қарор дорад ва ҳамчунин созишнома дар хусуси фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбист. Бояд гуфт, ки самти асосии ҳамкории мо дар соҳаи гуманитарӣ аст. Дар робита ба ин, имрӯз бори дигар зимни мулоқот бо ҳамтоёни худ аз фаъолияти Донишгоҳи славянии муштараки Тоҷикистону Русия ёд кардем ва маълум шуд, ки ин гуна фаъолият метавонад дар рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мо заминаи хубе фароҳам орад. Маълум аст, ки дар Тоҷикистон ба омӯзиши забони русӣ аҳамияти хосса медиҳанд, зеро донистани ин забон ҳам дар дохили Тоҷикистон ва ҳам дар Русия аз ҷониби он нафароне, ки дар Русия фаъолият мекунанд хеле муҳим аст. Бояд махсус зикр намоям, ки мо ҳамкориҳои стратегӣ ва дӯстонаи байни кишварҳоямонро баланд арзёбӣ мекунем ва онро қадр мекунем. Муҳлати будубоши пойгоҳи низомии 201 – уми Русия дар ҳудуди Тоҷикистон то соли 2042 дароз шудааст ва албатта, барои беҳсозии шароити будубоши онҳо баъзе тағйирот, аз ҷумла замонавӣ кардани ин пойгоҳ дар назар дошта шудааст. Албатта, дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ низ мувофиқи созишномаи мазкур минбаъд шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд шартномаи меҳнатии худро ба муҳлати се сол банданд ва бе қайди расмӣ ба муддати 15 рӯз дар ҳудуди Русия қарор дошта бошанд. Мо боварӣ дорем, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои ором ва ҷавобгӯ ба талаботи қонунгузриҳои сатҳи байналмилалӣ сурат мегирад. Мо ба рушди муътадили Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо манфиатдорем. Дар охири соли 2014 – ум хуруҷи нерӯҳои посдори сулҳ аз ҳудуди Афғонистон ва таъмини амнияти минтақа мавзӯи меҳварии ҳамаи баҳсу баррасиҳои мо мебошад ва тамдиди муҳлати будубоши пойгоҳи низомии 201 –ум низ яке аз иқдомҳои дар ин самт амаликардаи мо маҳсуб мешавад»








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






