Маросими муаррифии ширкати «Тоҳо Таҳвия»

Октябрь 10, 2013 13:30

Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). –  9  октябр  дар  Палатаи  савдо  ва  саноати  ҶТ  маросими  муаррифии  ширкати «Тоҳо  Таҳвия»  — и  Эрон  баргузор  гардид. Назар  ба  хабари муовини  раиси Палатаи  савдо  ва  саноати  кишвар Асаналӣ Карамалиев,  ширкати  «Тоҳо  Таҳвия»  10  сол  аст, ки  дар  шаҳри   Машҳади  Эрон  муваффақона  фаъолият  дорад. Мавсуф   зикр  намуд, ки  дар  Афғонистон   намояндагии  ширкати  мазкур  ифтитоҳ  гардида ва  он  нияти  дар  Тоҷикистон  барқарор  намудани   равобити   ҳамкориро  дорад. 
 
Хотирнишон  месозем, ки  ширкати  «Тоҳо  Таҳвия» ба  истеҳсоли  маводи  сохтмонӣ  аз  рӯи  технологияҳои  нав  ва  таҷҳизоти  мавриди  зарурати  дегхонаҳое, ки бо  истифода  аз ангишт,  газ ва  мазут  кор  мекунанд,  машғул  аст. 
 
Мувофиқи  хабари  намояндаи  Палатаи  савдо  ва  саноати  ҶТ,  дар  маросими  муаррифии  ширкати  мазкур  роҳбари ширкат  Ризо Мутаҳаррӣ  ва Директори  техникии он Ҳамидризо  Бахшализода   ширкат  доштанд.

Октябрь 10, 2013 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш