Мулоқоти Сарвари давлат бо роҳбарону фаъолони Ваҳдат
Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар боғи марказии фарҳангию фароғатии шаҳри Ваҳдат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сершумори ин шаҳр мулоқоти ошкорою самимӣ анҷом дод.Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ваҳдат ва нақши мардуми заҳматнописанди онро дар пешрафту шукуфоии кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, вазифаҳои ояндаро барои тараққиёти бештар муайяну мушаххас намуд.Супоришҳои мушаххас, ҳамчунин зимни посух ба суолу дархостҳои мардум барои бартараф намудани мушкилоти онҳо дода шуд.Тибқи супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бояд даҳҳо км роҳҳои маҳаллии шаҳри Ваҳдат аз ҷониби соҳибкорони шаҳри Ваҳдат навсозӣ шуда, бо ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ корҳои зиёди бунёдкорию созандагии дигар анҷом дода шаванд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






