Сафари кории сардори Хадамоти муҳоҷират ба Федератсияи Русия

Октябрь 28, 2013 10:26

Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз, 28-уми октябри соли ҷорӣ сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиало Девонаев бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия ҷиҳати ба имзо расонидани «Созишнома оид ба фаъолияти меҳнатӣ ба муҳлати 3 сол» сафар намуд.Бояд зикр намуд, ки солҳои охир байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия муносибатҳои хуби дӯстона ва судманд пойдор гардида, барои танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ равона шудаанд.Ҳуҷҷати мазкур фардо, 29-уми октябр ба имзо расида, ба шаҳрвандони тоҷик имкон медиҳад, ки иҷозати корро ба муҳлати 3 сол бе хориҷ шудан аз қаламрави Федератсияи Русия дарёфт намоянд ва ин барои дароз намудани муҳлати будубоши муваққатии шаҳрвандони мо дар Федератсияи Русия асос мегардад. Қобили зир аст, ки созишномаи 15 рӯза ва 3-сола яке аз дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки зимни мулоқоти ӯ бо Президенти ФР Владимир Путин ба имзо расида буд.Ба имзо расидани ин созишнома саҳифаи наверо дар муносибатҳои дуҷониба ва дӯстонаи ҳарду кишвар мекушояд.Дар ин бора аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Октябрь 28, 2013 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш