Саноати сабуки Тоҷикистон рушд хоҳад ёфт

Октябрь 10, 2013 10:11

Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих). – То  охири  соли  равон  истеҳсоли   маҳсулоти   саноати сабуки Тоҷикистон  бояд  баробари  10 – 15  фоиз  афзояд. Афзоиши  маҳсулоти   саноати  сабук   аз  ҳисоби  мавриди  истифода  қарор  додани   иқтидорҳои  нави   истеҳсолӣ  таъмин  мегардад. 
 
Тавре  ки  аз  Вазорати  энергетика  ва  саноати ҶТ  ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд,   аз   оғози   соли  ҷорӣ  коргоҳҳои   нави  дӯзандагӣ  ба  истифода дода,   ҳамчунин  теъдоди  коргоҳҳои  корхонаҳои  фаъоли   нассоҷӣ  зиёд  карда шудаанд. Ғайр  аз  ин,  то  охири  сол  бояд  дар  як  қатор   корхонаҳои  калони  ресандагӣ  истеҳсоли  либосҳои  трикотажӣ ба  роҳ  монда шавад. 
 
Қобили  зикр  аст, ки   соли  ҷорӣ бояд қариб  20  корхонаи   нави   хурду  миёнаи  бахши  саноати  сабк  мавриди  истифода  қарор  гирад. 

Октябрь 10, 2013 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш