Вохӯрии сафири Тоҷикистон бо фарзандони Муҳаммад Иқбол

Октябрь 10, 2013 09:29

Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар»).-  6 октябри соли 2013 дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Лоҳур Cафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Шералӣ Ҷононов аз хонаводаи шоир ва муттафаккири бузурги Шарқ Муҳаммад Иқбол дидан намуда, бо писари шоир доктор Ҷовид Иқбол ва пайвандонаш мулоқот намуд.
  Дар вохӯрӣ ба Ҷовид Иқбол китобҳои тозанашри Аллома Иқбол, аз ҷумла «Куллиёти форсии Иқбол», «Ҷовиднома» ва яке аз асарҳои бузурги фалсафӣ-фиқҳии вай -«Эҳёи фикри динӣ дар ислом», ки бо дастуру ҳидоят ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ба нашр расидаанд, супурда шуданд.
  Зимни ин сафар инчунин сафир бо ҷонишини ректори Донишгоҳи Панҷоб доктор Комрон вохӯрд. Дар вохӯрии мазкур масоили рушди ҳамкориҳо байни мактабҳои олии ду кишвар муҳокима шуданд. Донишгоҳи мазкур яке аз макотиби бузург дар ин кишвар буда, соли 1882 таъсис ёфтааст.
 7 октябр сафири Тоҷикистон аз Палатаи савдо ва саноати Лоҳур дидан намуда, бо Президенти Палатаи мазкур Суҳайл Лошарӣ ва аъзои он мулоқот анҷом дод.

Октябрь 10, 2013 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш