Вохўрӣ дар Хадамоти муҳоҷират

Октябрь 8, 2013 10:00

Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — 7 октябри соли ҷорӣ сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Сафиало Девонаев бо Сардори Хадамоти Федеролии муҳоҷирати Русия Константин Рамодановский мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ масъалаи таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ҷиҳати мусоидат дар ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ баён гардид. Дар вохўрӣ тарафҳо масъалаҳои марбут ба тағйиру иловаҳо ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва шаҳрвандони Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2004-ро баррасӣ намуданд. Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба бурдани корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади вайрон накардани қонунҳои амалкунандаи ФР дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ изҳори ақида намуданд. Тавре ки аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти Муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, вохўрӣ дар фазои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.

Октябрь 8, 2013 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш