Қабули қонуни нав ба рушди муассисаҳои томактабӣ мусоидат менамояд

Ноябрь 15, 2013 10:45

 
            Душанбе, 15 ноябр.(АМИТ Ховар, Марзия Саидова).- Танҳо 10% -и кӯдакони Тоҷикистон ба муассисаҳои томактабӣ, яъне боғчаю кӯдакистонҳо фаро гирифта шудаанд. Ҳол он ки ин омор дар кишвари ҳамсояамон Қирғизистон 20 % ва дар Беларус  95 дарсадро ташкил медиҳад. Ин нишондод дар ҳоле зикр гардид, ки вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷум лоиҳаи қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ-ро баррасӣ ва қабул намуданд.  
             Лоиҳаи қонуни мазкур аз 6 боб ва 27 модда иборат буда,  таълиму тарбияи томактабӣ ва тартиби гирифтани он, сиёсати давлатӣ дар соҳаи мазкур, нақши оила  дар татбиқи ин раванд, тартиби ташкил, идора, раванди таълиму тарбия ва таъминоти илмию методии муассисаҳои томактабиро дар кишварамон ба танзим медарорад.
                 Нурулло Лоиқов -вакили Маҷлиси намояндагон, ки яке аз муаллифони лоиҳаи  қонуни мазкур аст, мегӯяд, ки яке аз ҳадафҳои асосии ин қонун фароҳам овардани шароити мусоид ва воситаву имкониятҳо бобати фаро гирифтани  шумораи ҳарчи бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабист. Нуриддин Саидов — вазири маорифи ҷумҳурӣ мегӯяд, ки  қабули ин қонун барои бунёди боғчаҳо, беҳтар кардани таълиму тарбия  ва ҳамчунин бо мураббияҳои касбӣ таъмин намудани муассисаҳои томактабӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Вазир афзуд, ки барои таъмини муассисаҳои томактабӣ бо мутахассисони ҳирфаӣ дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва донишгоҳҳои шаҳрҳои  Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа ва Хуҷанду Хоруғ ихтисосҳои педогогика ва психологияи томактабӣ, омӯзгори мусиқӣ ва расмро ташкил намудаанд. Инчунин барои таъсиси факултаи педиатрӣ дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар лоиҳаи қонун  ҳуқуқ ва ҳимояи иҷтимоии субъектҳои раванди таълиму тарбияи томактабӣ мушаххас дарҷ гардидаанд. Дар таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур таҷрибаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил истифода шудааст. Бояд зикр кард, ки алҳол дар кишварамон беш аз 500 муассисаи томактабӣ  ва 700 маркази рушди кӯдакон фаъолият менамояд.

Ноябрь 15, 2013 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд