Қариб 400 хонаи истиқоматӣ дар натиҷаи заминларза вайрон гардид

Ноябрь 11, 2013 14:56

Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова). — Дар натиҷаи заминларзае, ки рӯзи 10 ноябр соати 10:15 дақиқаи вақти маҳаллӣ рух дод, дар ҷамоатҳои Карим-Исмоил, Раҷаб-Исмоил, Бозорбой Борунов ва Чорсӯи ноҳияи Ваҳдат 104 хонаи истиқоматӣ пурра ва 259 хона қисман вайрону валангор гардид. Тавре ки аз хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд, маркази заминларза дар километри 26-уми ҷанубу шарқии Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ буда, қувваи он дар маркази заминларза 5 балл ва дар Душанбе 4 баллро ташкил дод. Тибқи маълумотҳои пешакӣ талафоти ҷонӣ нест.Тавре ки сарчашма хабар медиҳад, дар айни ҳол комиссияи махсус таъсис дода шуда, он дар ҷои ҳодиса кор карда истодааст.

Ноябрь 11, 2013 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш