Ҳалокати 7 нафар дар як садама

Ноябрь 11, 2013 11:01

          Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова). — 9 ноябри соли 2013 ронандаи мошини тамғаи «Оpel-Аstra» Фирдавс Юсупов ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол дар километри  17-уми роҳ бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба самти муқобили роҳ баромада, ба мошини тамғаи «Оpel-Аstra», ки  ронандааш Сабзаалӣ Олимов буд, бархӯрд.
 Дар натиҷа ҳарду ронанда бо панҷ нафар мусофир ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Тавре ки аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии  Вазорати корҳои дохилии  ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, се нафар мусофири дигар бо ҷороҳати ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардиданд.

Ноябрь 11, 2013 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш