Ҷаласаи Ҳукумат оид ба зарардидагони заминларзаи шаҳри Ваҳдат
Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз дар ҳузури Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ҷаласаи Комиссияи давлатии Ҳукумати Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда баргузор гардид.Дар ҷаласа масъалаи расонидани кўмакҳои аввалия ба сокинони деҳоти шаҳри Ваҳдат, ки бар асари заминларзаи рўзи якшанбеи гузашта ба вуқуъ омада зарар дидаанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Тавре ки таъкид шуд, бар асари заминларзаи рўзи гузашта ба амал омада дар деҳоти шаҳри Ваҳдат аз рўи ҳисобҳои пешакӣ 104 хоҷагӣ пурра ва 259 хоҷагӣ қисман зарар дида, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.Оқил Оқилов аъзоени Комисияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳуриро оид ба ҳолатҳои фавқулодда вазифадор кард, ки ҷиҳати иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои Президенти кишвар вобаста ба расонидани кўмак ба зарардидагон ва зудтар оғоз намудани корҳои барқарорсозию навсозии манзилҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти хароб гардида тадбирҳои зарурӣ андешида, баҳри мушаххас намудани шумораи аниқи зарардидагон дар маҳали ҳодиса ситодҳои доимӣ ва гуруҳҳои корӣ таъсис диҳанд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






