Ҷаласаи навбатии Кумитаи тадорукот оид ба раисии Тоҷикистон дар СҲШ

Ноябрь 4, 2013 16:46

Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Имрўз дар ҳузури Сарвазири кишвар Оқил Оқилов ҷаласаи навбатии  Кумитаи тадорукот оид ба раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар солҳои 2013-2014 ва  омодагию   гузаронидани ҷаласаи навбатии Шўрои Сарони давлатҳои узви Созмони мазкур дар шаҳри Душанбе дар соли 2014 баргузор шуд.
Дар ҷаласа оид ба ҷараёни омодагиҳо ва тартиби баргузории чорабиниҳои сатҳу зинаҳои гуногуни давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст аъзои кумитаи тадорукот маълумот доданд.
Тавре ки таъкид гардид, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи зарурӣ гузаронидани давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва омодагии ҳамаҷониба ба баргузории  ҷаласаи Шўрои сарони давлатҳои аъзои созмон кумитаи тадорукот таъсис дода шуда лоиҳаи нақшаи чорабиниҳо таҳия гарид.
Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов аъзои кумитаи тадорукотро вазифадор намуд, ки барои мукаммалсозии нақшаи чорабиниҳои таҳиягардида таклифу хулосаҳо пешниҳод намуда, ҷиҳати  иҷрои саривақтии бандҳои он тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ноябрь 4, 2013 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад