Ҷамъбасти «Донишҷўи сол — 2013»
Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Даври ниҳоии озмуни навбатии «Донишҷўи сол — 2013» байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, мутобиқи пешниҳоди иштирокдорони озмуни «Донишҷўи сол — 2012», ки донишҷўи ДТТ сазовори ҷои аввал гардида буд, доир гардид. Ба иттилои сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ тибқи тартиби баргузории озмуни мазкур сараввал аз толибилмон кори хаттӣ бо забони давлатӣ гирифта шуд. Сипас ба онҳо як саволӣ дар доираи фанҳои ҷамъиятшиносӣ, сиёсати давлатии ҷавонон пешниҳод карда шуд, ки ба саволҳои пешниҳодшуда довталабон ба таври хаттӣ ҷавоб навиштанд. Ҳамин тавр, ҷои якумро Неъматулло Солеҳов -донишҷўи бахши 2-юми факултаи молия ва қарзи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон соҳиб гашт. Ҷоиҳои дуюм ва сеюмро донишҷӯён Раҳмонзода Меҳриниссо-донишҷўи Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон, Қобилҷон Ғафуров -донишҷўи бахши 4-уми факултаи муштараки тоҷикӣ-туркии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Мубораки Рустамзод-донишҷўи бахши 3-юми факултаи филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии шаҳри Кўлоб ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ,Меҳрона Зиёева, донишҷўи бахши 2-юми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ишғол карданд.Дар озмун довталабон аз мактабҳои олии шаҳрҳои Хуҷанд, Кўлоб, Қурғонтеппа, Хоруғ ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Мақсад аз баргузории озмуни «Донишҷўи сол» дар байни донишҷўёни макотиби олии ҷумҳурӣ дарёфти донишҷўи беҳтарин, ҳавасманд ва тарбия намудани донишҷўёни кишвар дар руҳияи илмдўстӣ, меҳанпарастӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






