Ҷавонон ва раванди созандагӣ дар Тоҷикистон

Ноябрь 11, 2013 16:01

Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- «Ҷавонон ва раванди созандагӣ дар Тоҷикистон»- таҳти чунин ном рӯзи 13-юми  ноябри соли равон дар Маркази фарҳангии ҷавонон «Ориёно» мулоқот бо ҷавонон баргузор мегардад.
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, дар нишаст  раёсатҳои  кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, оид ба корҳои дин, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирок мекунанд.
Гуфта мешавад, ки чорабинии мазкур бо мақсади рушду густариши худшиносии миллӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи меҳанпрастӣ дар асоси банди 12-и нақшаи фаъолияти «Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» гузаронида мешавад.

Ноябрь 11, 2013 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш