«Амонатбонк» ва «Новикомбанк» ҳамкориҳои мутақобилаи худро вусъат медиҳанд

Ноябрь 22, 2013 11:39

Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова бо намояндагони «Новикомбанк»-и Русия 20 ноябр дар Душанбе вохӯрӣ анҷом дод. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти «Амонатбонк» хабар доданд, дар ин вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба миёни БДА ҶТ «Амонатбонк» ва ҶДММ «Новикомбанк» мавриди баррасӣ қарор гирифт.Тарафҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар бозори асъор ва коғазҳои қиматнок, амалиёти бонкнотӣ, маблағгузории ғайринақдӣ ва ҳамчунин маблағгузории мақсаднок дар соҳаи савдоро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар анҷоми мулоқот тарафҳо ба хулосае омаданд, ки муносибатҳои судманд миёни бонкҳо бояд дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шаванд.

Ноябрь 22, 2013 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад