Баррасии амнияти минтақа баъд аз соли 2014 дар Душанбе

Ноябрь 15, 2013 14:31

 Душанбе, 15 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар самти Афғонистон моҳияти дӯстона ва созанда  дорад». Ин нуктаро Бобохон Маҳмадов -раиси Маркази татқиқоти стратегии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии илмию амалӣ, ки имрӯз дар Душанбе таҳти унвони  «Афғонистон ва Осиёи Марказӣ: дурнамои амнияти минтақа  пас аз соли 2014» доир гардид, зикр намуд. Мавсуф афзуд, ки  барқарории сулҳу ваҳдат ва эҳёи иқтисодию иҷтимоии Афғонистони ҳамсоя дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамеша дар авлавият қарор дорад. Бобохон Маҳмадов  илова намуд, ки бо пирӯзии Сарвари давлати Тоҷикистон дар интихоботи  президентӣ, ин  раванди сиёсати созандаи хориҷӣ идома хоҳад ёфт.
       Дар конфронс, ки доираи васеи коршиносони ватанию хориҷӣ ширкат доштанд, масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва амнияти минтақа, хусусан вазъи амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ баъди хуруҷи нерӯҳои  эътилофи байналмилалӣ /НАТО/ аз хоки Афғонистонро дар соли 2014 матраҳ намуданд.  Зикр гардид, ки маҳз талошҳои муштараки  кишварҳои минтақа  метавонанд  кафолати таъмини  амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ  бошад.
         Абдуғафури Левол -раиси Маркази татқиқоти минтақавӣ ва стратегии Афғонистон, ки дар конфронс иштирок дошт, сиёсати хориҷии Тоҷикистонро дар самти Афғонистон  баррасӣ намуда, гуфт, ки Тоҷикистон барои Афғонистон намунаи барҷастаи ҳамсояи нек ва беғараз аст.
          Иштирокдорони конфронс ҳамзамон дигар масъалои  муҳими ҳамкориҳои иқтисодию энергетикии Тоҷикистону Афғонистонро матраҳ намуданд. Таъкид гардид, ки  татбиқи тарҳҳои энергетикӣ дар Тоҷикистон на танҳо ба рушди иқтисодиётим Тоҷикистон, балки дар эҳёи иқтисодию  иҷтимоии Афғонистон низ мусоидат хоҳад намуд.
     Дар фарҷоми конфронс зикр шуд, ки тавсеаи робитаҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ  ҷавобгӯи  манфиатҳои миллии  ду кишвари бародар ва ҳамсоя -Тоҷикистону Афғонистон аст.

Ноябрь 15, 2013 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд