Баррасии масоили марбут ба таҳсил ва илм
Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- Дирӯз дар ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои қабули хонандагон ва донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013-2014, ҷараёни иҷрои қарорҳои Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла «Дар бораи тасдиқи Низомномаи докторантура аз рӯи ихтисос (PhD)», «Дар бораи тартиби таъсис ва тасдиқи шӯроҳои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳо барои дарёфт ва додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос» ва «Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (докторантура)» дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии заминавӣ ва илмии тобеи вазорат, «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015», «Дар бораи Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» дар муассисаҳои таҳсилоти умумии гуруҳи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоби вилояти Хатлон мавриди таҳлил қарор дода шуд. Инчунин «Қоидаҳои умумии қабули таълимгирандагон (донишҷӯён) ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дастурамал оид ба тартиби пур кардан, нигоҳдорӣ ва супоридани ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи хатми муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҳуҷҷат (диплом)-и намунаи давлатии курсҳои бозомӯзии касбӣ, барномаҳои намунавии курсҳои такмили ихтисос барои солҳои 2014-2017 тасдиқ шуданд. Тартиби фаъолияти гуруҳҳои таълимӣ ва мақсадноки муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҳуҷҷатгузории қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ муайян карда шуд.Дар мушовара 11 номгӯй китоби дарсӣ ва маводи таълим барои муассисаҳои таълимӣ барои чоп тавсия дода шуд.Аз Вазорати маориф ва илм ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






