Бозори Тоҷикистон ба маҳсулоти Русия зарурат дорад

Ноябрь 13, 2013 14:02

Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих).-  12 ноябр  дар  Палатаи  савдо  ва  саноати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  маросими  муаррифии  ширкати «Камкабел» — и  Федератсияи  Русия  баргузор  гардид, ки дар  он   намояндаи  ширкат —  менеҷери  бахши  тиҷорат Виталий  Пауткин иштирок  дошт.  Ин  чорабинӣ  бо  ибтикори Палатаи  савдо  ва  саноати  ҶТ  ва Намояндагии  тиҷоратии  Русия  дар  Тоҷикистон  ба  манзури вусъат бахшидани  савдои  маҳсулоти   корхонаҳои  Русия  роҳандозӣ  шуд.
 
Назар ба  хабари   маркази  матбуоти Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон,  сардори  шӯъбаи  равобити  иқтисодии  хориҷии  палата  Бахтиёр  Сафаров  зимни  суханрониаш иброз  дошт, ки   ҳамкорӣ  бо  минтақаҳои  Федератсияи  Русия  ривоҷ  ёфта, шумораи  ҳарчи  бештари  ширкатҳои  Русия  ба Тоҷикистон  мароқ  зоҳир  менамоянд.
 
Виталий  Пауткин  аз  фаъолияти  ширкати « «Камкабел»  нақл  карда,  зикр  намуд, ки  ширкати  мазкур   беш  аз  55  сол  муқаддам  дар    шаҳри  Перм  таъсис  ёфта  ва  калонтарин  корхонаи  кабелу симсозии  Русия  ва  ИДМ  ба  шумор  меравад. Корхона  9 коргоҳ  5  озмоишгоҳ,  пажуҳишгоҳи тадқиқоти  илмиро  дар бар гирифта,  маҳсулоти он  ба  75  кишвар  фиристода  мешавад. 
 
Аз  ҷониби  Тоҷикистон  дар  ин  маросим   намояндагони  ширкатҳои  аъзои палата  аз  қабили ҶСКХ «Барқи  тоҷик», ҶСК «Помир энерҷӣ», ҶММ «Ганҷина», «Султони  Кабир», ҶСК «Тоҷикэнегоснаб», намояндаи  Палатаи  савдо  ва  саноати  ЧТ  дар  Афғонистон ва  ғайра  ширкат  доштанд.  

Ноябрь 13, 2013 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад