Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Ноябрь 26, 2013 11:43

Сардии ҳаво дар Амрико Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар як қатор штатҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бориши шадиди барф ва сардии тоқатфарсо сокинону сайёҳонро ҳанўз ҳам ранҷ медиҳад. Тибқи маълумоти расида, офати табиӣ 13 нафарро ба ҳалокат расонидааст. Фавти одамон дар пайи сардии тоқатфарсо дар штатҳои Калифорния, Аризона, Ню-Мексика, Оклахома ва Техас ба қайд гирифта шудааст. Дар роҳҳои мошингард аз сабаби яхбандӣ теъдоди садамаҳои нақлиётӣ афзуд. Дар як қатор штатҳо баландии барф ба 30 сантиметр расида, ҳаво 10 дараҷа сард гардидааст. Вулкани «Синабунг» дар ИнданезияДушанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар Индонезия вулкани «Синабунг» баъд аз чанд рўзи сукут дубора хурўҷ кард. Дар робита ба ин офати табиӣ ҳазорҳо нафар ба ҷойҳои нисбатан бехавф кўчонида шуданд. Бояд гуфт, ки вулкани мазкур соли 2010-ум низ баъди 400- соли сукут аз нав хурўҷ карда буд.Он замон бар асари ин офати табиӣ 2 нафар ба ҳалокат расида,15 ҳазор каси дигар тарки манзил карданд.Сӯхтор дар ОдинсовоДушанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Дар ноҳияи Одинсовои вилояти Маскави Федератсияи Русия сўхтори шадид ба қайд гирифта шуд.Оташсўзӣ дар бозори фурўши масолеҳи сохтмонии мавзеи Немчиновка сар задааст.Масоҳати сўхтор 350 метри мураббаъро ташкил медиҳад.Дар пайи ҳодиса бозори масолеҳи сохтмонӣ хисороти зиёд дидааст. Мақомоти марбута сабаби ҳодиса ва ҳаҷми зарари воридшударо муайян мекунанд. Шуруи эмгузаронӣ дар Филиппин Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Созмони байналмилалии тандурустӣ дар Филиппин маъракаи эмгузаронии кўдаконро шуруъ кард. Ин маърака асосан дар минтақаҳои аз тўфони баҳрии «Хайян»зарардидаи мамлакат роҳандозӣ мешавад. Ба иттилои Созмони байналмилалии тандурустӣ кўдаконе, ки дар зери хаймаҳои муваққатӣ ба сар мебаранд, бештар дар ҳалқаи эҳтимолии гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ қарор доранд. Интихобот дар Гондурас анҷом ёфтДушанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар Гондурас маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи президентӣ анҷом ёфт.Аз рўи маълумоти Комиссияи марказии интихоботии мамлакат номзад аз ҳизби роҳбарикунандаи «Консерваторҳои миллӣ» Хуан Орландо Эрнандес ғолиб омадааст. Президенти феълии мамлакат Порфилио Лобо Эрнандесро президенти интихобшуда эълон кард. Ба иқрори ў новобаста аз он, ки шумурдани баргаҳои овоздиҳӣ ҳанўз идома дорад, аммо натиҷаҳои пешакӣ аз он башорат медиҳанд, ки Орландо Эрнандес бештарин овози райъдиҳандагонро ба номи худ муҳр задааст. Дар ҷойи дуюм намоянда аз ҳизби чапгароёни «Озодӣ ва бозсозӣ» Ксиомара Кастро қарор дорад.Ксиомара Кастро ҳамсари президенти мустаъфии мамлакат Мануэл Селайя мебошад. Ў дар таърихи кишвар нахустин зан мебошад, ки номзадии худро дар интихоботи президентӣ пешниҳод кардааст. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Ноябрь 26, 2013 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд