Даниленко: «Интихобот хуб ҷараён дорад»

Ноябрь 6, 2013 11:58

Душанбе, 6 ноябр. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Дар  участкаи интихоботии рақами 21-и ҳавзаи 4-и ноҳияи Сино маъракаи   интихоботи  Президенти кишвар  бомаром ҷараён дорад. 
Тавре ки масъулини ин участкаи интихоботӣ дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз доштанд,  дар ин участка 2300  нафар аҳолӣ барои раъй додан ба рӯйхат гирифта шуда, аз ин шумора  200 нафар дар муҳоҷират ва 50 нафар маъюбону  45 нафар ҷавононе ҳастанд, ки бори аввал дар интихобот ширкат мекунанд. 
Таъкид гардид, ки дар ин участка ҳуҷраи тиббӣ, ҳуҷраи модару кӯдак  ва  дигар шароити лозимӣ барои гузаронидани интихобот омода   шудааст. 
«Намояндагони мо шуруъ аз соати  6-и субҳ, яъне аз оғози кори участкаи интихоботӣ  ҷараёни овоздиҳиро назорат мебаранд ва  ҳамааш хуб ҷараён дорад»,- гуфт дар суҳбат    Даниленко Сергей Андреевич,  як нозири байналмилалӣ аз Иттиҳоди давлатҳои мустақил,   ки шаффофияти овоздиҳиро дар ин қитъа назорат мекард. 
 Мавлуда Саидова,  ки бори аввал дар интихобот ширкат мекард,  мегӯяд, ки «ман имрӯз омада озодона ба тарафдории номзади арзандаи худ овоз додам ва итминон дорам, ки номзаде, ки ман тарафдорӣ кардам, дар  интихобот ғолиб меояд ва барои мо ҷавонон дар оянда аз ин ҳам шароити беҳтар фароҳам мегардад».
  Мавриди зикр аст, ки имрӯз, 6-уми ноябр, дар рӯзи Сарқонуни кишвар  интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашта истодааст ва  ҷараёни онро зиёда аз 500 нозири байналмилалӣ, беш аз 6 ҳазор нозири миллӣ ва беш аз 100 нафар намояндаи расонаҳои иттилоотии хориҷӣ назорат мекунад.

Ноябрь 6, 2013 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад