Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи аз вазифаи Вазири мелиоратсия вазахираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистонозод намудани Бобокалонов Р.Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:1. Бобокалонов Раҳмат аз вазифаи Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонш. Душанбе21 ноябри соли 2013№27ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНДар бораи аз вазифаи Вазири энергетикава саноати Ҷумҳурии Тоҷикистонозод намудани Гул ШералӣМутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:1. Гул Шералӣ аз вазифаи Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонш. Душанбе21 ноябри соли 2013№28ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНДар бораи аз вазифаи Вазири фарҳангиҶумҳурии Тоҷикистон озод намуданиАсрорӣ Мирзошоҳрух Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:1. Асрорӣ Мирзошоҳрух аз вазифаи Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонш. Душанбе21 ноябри соли 2013№31ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНДар бораи аз вазифаи Вазири меҳнат ваҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонозод намудани Маҳмадаминов М.Б.Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:1. Маҳмадаминов Маҳмадамин Бозичаевич аз вазифаи Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонш. Душанбе21 ноябри соли 2013№32ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНДар бораи Вазири энергетика вазахираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистонтаъин намудани Усмонов У.Ю.Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:1. Усмонов Усмонали Юнусалиевич Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонш. Душанбе21 ноябри соли 2013№34ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНДар бораи Вазири саноат ватехнологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистонтаъин намудани Бобоев Ш.Б.Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:1. Бобоев Шавкат Бобораҷабович Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонш. Душанбе21 ноябри соли 2013№35ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНДар бораи Вазири адлияиҶумҳурии Тоҷикистон таъин намуданиМенглиев Р.Ш.Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:1. Менглиев Рустам Шомуродович Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонш. Душанбе21 ноябри соли 2013№36ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНДар бораи Вазири меҳнат, муҳоҷиратва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонтаъин намудани Тағоева С.С.Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:1. Тағоева Сумангул Саидовна Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонш. Душанбе21 ноябри соли 2013№37ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНДар бораи Вазири тандурустӣ ва ҳифзииҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонтаъин намудани Салимов Н.Ф.Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:1. Салимов Нусратулло Файзуллоевич Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонш. Душанбе21 ноябри соли 2013№38ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНДар бораи Вазири фарҳангиҶумҳурии Тоҷикистон таъин намуданиОрумбеков Ш.Ш. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:1. Орумбеков Шамсиддин Шодибекович Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонш. Душанбе21 ноябри соли 2013№39ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНДар бораи Вазири кишоварзииҶумҳурии Тоҷикистон таъин намуданиҚосимов Қ.Р.Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:1. Қосимов Қосим Роҳбарович Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонш. Душанбе21 ноябри соли 2013№40
ТАРҶУМАИ ҲОЛИ ШАХСОНИ БА ВАЗИФАҲО ТАЪИНГАРДИДА
УСМОНОВ УСМОНАЛИ ЮНУСАЛИЕВИЧВазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии ТоҷикистонУСМОНОВ Усмонали Юнусалиевич 13 сентябри соли 1959 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1982 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-барқчӣ ва соли 1988 Аспирантураи Донишкадаи энергетикии шаҳри Москваро хатм кардааст. Номзади илмҳои техникӣ.Фаъолияти меҳнатиашро соли 1983 ба ҳайси муҳандиси кафедраи «Автоматика ва мошинҳои ҳисоббарор»-ии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон шурўъ намуда, баъди хатми Аспирантура, дар давоми солҳои 1989- 1996 дар вазифаҳои ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедра, муовини декани факултаи энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 1997-2001 дар мансаби директори назорати давлатии барқи ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, муовини директори генералии назорати давлатии барқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2001-2003 сардори департаменти сиёсати энергетикии Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2003 муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» фаъолият доштааст.Аз моҳи сентябри соли 2009 дар мансаби Директори иҷроияи Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» кор мекунад.Бо ордени «Шараф» дараҷаи II сарфароз гардидааст.Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 ноябри соли 2013 Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.БОБОЕВ ШАВКАТ БОБОРАҶАБОВИЧ-Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии ТоҷикистонБОБОЕВ Шавкат Бобораҷабович 3 июни соли 1962 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1985 Донишгоҳи политехники Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис механик–технолог ва соли 2003 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русияро хатм намудааст.Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун коргар дар фабрикаи рўймолбарории шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, соли 1985 баъди хатми Донишкада ба ҳайси муҳандиси фабрикаи рўймолбарории шаҳри Хуҷанд, муҳандиси шуъбаи механики Вазорати саноати маҳаллӣ, сардори шуъбаи механикӣ–энергетики фабрикаи «Зарбоф»-и шаҳри Хуҷанд кор кардааст. Солҳои 1999-2004 дар вазифаҳои директории маркази шуғли аҳолии шаҳри Чкалов, сардори идораи меҳнат, масъалаҳои иҷтимоии вилояти Суғд ва солҳои 2004-2012 дар вазифаҳои муовини раиси вилояти Суғд, раиси шаҳри Чкалов фаъолият намудааст. Аз моҳи январи соли 2012 дар вазифаи мудири Шуъбаи саноат ва энергетикаи Дастгоҳииҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард. Бо медали ҷашнии 20–солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.Оиладор, соҳиби се фарзанд мебошад.Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 ноябри соли 2013 Вазири саноат ва технологияҳои нави ҶумҳурииТоҷикистон таъин гардид.ТАҒОЕВА СУМАНГУЛ САИДОВНА Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии ТоҷикистонТАҒОЕВА Сумангул Саидовна 19 декабри соли 1966 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1989 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1986 ба сифати Оператори Маркази ҷумҳуриявии ҳисоббаробаркунии Кумитаи давлатии оид ба таъминоти моддию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, сипас то соли 2005 дар вазифаҳои масъули роҳбарӣ дар дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.Солҳои 2005-2010 дар вазифаҳои муовин, муовини якуми Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доштааст.Аз марти соли 2010 дар вазифаи Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кард.Бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 ноябри соли 2013 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.САЛИМОВ НУСРАТУЛЛО ФАЙЗУЛЛОЕВИЧВазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии ТоҷикистонСАЛИМОВ Нусратулло Файзуллоевич 4 феврали соли 1965 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1988 Донишкадаи тиббии давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Номзади илмҳои тиб.Фаъолияти меҳнатиашро соли 1988 ҳамчун духтури беморхонаи марказии ноҳияи Данғара оғоз намуда, то соли 2006 дар вазифаҳои духтури беморхонаи вилояти Халон, муовини аввал ва сардухтури Беморхонаи клиники ҷумҳуриявии ба номи А.М. Дяков, сардухтури Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои саратон ва директории Маркази идораи Лоиҳаи ислоҳоти системаи тандурустии Тоҷикистон кор кардааст.Солҳои 2006-2008 дар вазифаи Муовини аввали Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз моҳи январи соли 2008 дар мансаби Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.Бо ордени Шараф дараҷаи I ва медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 ноябри соли 2013 Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.ОРУМБЕКОВ ШАМСИДДИН ШОДИБЕКОВИЧВазири фарҳанги Ҷумҳурии ТоҷикистонОРУМБЕКОВ Шамсиддин Шодибекович 18 марти соли 1956 дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1977 Донишкадаи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог ва соли 1991 Донишкадаи сиёсатшиносӣ ва идоракунии шаҳри Тошкентро бо ихтисоси сиёсатшинос хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1977 ба ҳайси омўзгори мактаб шурўъ намуда, дар давоми солҳои 1978-1980 дар вазифаҳои муҳаррири Кумитаи телевизион ва радиои ВМКБ, солҳои 1980- 1995 инструктор, муовини мудири шуъба ва муовини раиси кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи ВМКБ кор кардааст. Аз соли 1995-1997 дар мансаби сардори раёсати фарҳанг ва иттилооти ВМКБ ва аз соли 1997 то 2000- ум раиси идораи телевизион ва радиои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон шуда кор кардааст.Солҳои 2000-2011 дар вазифаҳои роҳбари дастгоҳи Раиси ВМКБ, муҳаррири рўзномаи «Мўнис», раиси ноҳияи Шуғнон, муовини раиси ВМКБ фаъолият намудааст.Аз моҳи ноябри соли 2011 дар мансаби мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо кор кард.Бо ордени Шараф сарфароз гардида, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 ноябри соли 2013 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. ҚОСИМОВ ҚОСИМ РОҲБАРОВИЧ-Вазири кишоварзии Ҷумҳурии ТоҷикистонҚОСИМОВ Қосим Роҳбарович 3 октябри соли 1964 дар ноҳияи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1986 Донишкадаи хоҷагии қишлоқро аз рўи ихтисоси агроном- олим хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1986 ба сифати агрономии колхози «40-солагии Октябр»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз намуда, сипас дар вазифаҳои котиби дуюми комитети комсомоли ин ноҳия, мудири шўъбаи ташкилии кумитаи комсомоли вилояти Ленинобод, Раиси Шўрои ташкилоти вилоятии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси вилояти Суғд фаъолият намудааст.Аз моҳи марти соли 2008 аввал дар вазифаи Вазири кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сипас Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кард.Солҳои 1994-1999 ба сифати вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1999-2005 Раиси Кумитаи иқтисодиёту коммуникатсия ва аз соли 2005-2006 Муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.Барои фаъолияти меҳнатиаш бо орденҳои «Дустӣ», Исмоили Сомонӣ дараҷаи II, медалҳои ҷашнии 10-солагии иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон» сарфароз гардидааст.Оиладор, соҳиби 6 фарзанд мебошад.Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 ноябри соли 2013 Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






