Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи аз вазифаи Вазири корҳои хориҷииҶумҳурии Тоҷикистон озод намуданиҲамрохон Зарифӣ
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:1. Ҳамрохон Зарифӣ аз вазифаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонш. Душанбе29 ноябри соли 2013№83
ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНДар бораи Вазири корҳои хориҷииҶумҳурии Тоҷикистон таъин намуданиАслов С.М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:1. Аслов Сироҷидин Мӯҳридинович Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонш. Душанбе29 ноябри соли 2013№84 АСЛОВ СИРОҶИДИН МУҲРИДИНОВИЧВазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии ТоҷикистонАСЛОВ Сироҷидин Муҳридинович 17 феврали соли 1964 дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1986 Донишкадаи гидрометеорологии Одесса ва соли 2002 Донишгоҳи иқтисодии Тошкентро хатм кардааст.Фаъолияти меҳнатиашро соли 1986 ба сифати муҳандис-агрометеорологи Маркази гидрометеорологияи Саридораи обуҳавосанҷии ҷумҳурӣ оғоз намуда, то соли 1996 дар вазифаҳои муовини сардор, сардори Раёсати прогресси илмию техникӣ ва стандартҳои Вазорати ҳифзи табиат, муовини сардори Саридораи обуҳавосанҷии Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.Аз соли 1996 то соли 2004 дар мансабҳои Намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба проблемаҳои ҳавзаи баҳри Арал, Намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Фонди байналхалқии наҷоти Арал ва Раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналхалқии наҷоти Арал фаъолият намудааст.Солҳои 2004-2005 ба ҳайси муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.Солҳои 2005-2011 дар вазифаи Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Миллали Муттаҳид кор кардааст.Аз моҳи марти соли 2011 дар мансаби Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Миллали Муттаҳид, ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Куба фаъолият дорад.Бо ордени «Шараф» дараҷаи II сарфароз гардидааст. Бо забонҳои англисӣ, форсӣ ва русӣ озодона ҳарф мезанад.Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2013 Вазири корҳои хориҷии ҶумҳурииТоҷикистон таъин гардид.
ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи аз вазифаи Вазири молияиҶумҳурии Тоҷикистон озод намуданиНаҷмудинов С.М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:1. Наҷмудинов Сафаралӣ Махсудинович аз вазифаи Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонш. Душанбе29 ноябри соли 2013№82
ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНДар бораи Вазири молияиҶумҳурии Тоҷикистон таъин намуданиҚурбонов А.К.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:1. Қурбонов Абдусалом Каримович Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонш. Душанбе29 ноябри соли 2013№86
ҚУРБОНОВ АБДУСАЛОМ КАРИМОВИЧВазири молияи Ҷумҳурии ТоҷикистонҚУРБОНОВ Абдусалом Каримович 9 феврали соли 1959 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1982 Донишкадаи политехникии Тоҷикистон бо ихтисоси муҳандис – сохтмончӣ, соли 1999 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2010 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси молия, андоз ва қарз хатм намудааст.Фаъолияти меҳнатиашро соли 1976 ба сифати ташкилотчии идораи коммуналии ноҳияи Данғара оғоз намуда, баъди хатми Донишкадаи политехникии Тоҷикистон солҳои 1982-1984 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттифоқи Шуравӣ хизмат кардааст.Солҳои 1984-1986 дар вазифаҳои челонгар, муҳандис, устои колоннаи сайёри механиконидашудаи №38 ноҳияи Данғара, сипас солҳои 1986-1995 дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ оид ба масъалаҳои истеҳсолию иқтисодӣ дар сохторҳои дирексияи сохтмонии Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии об дар вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.Солҳои 1995-2006 дар вазифаҳои нозири калон, муовини сардор, сардори нозироти андози ноҳияи Данғара кор кардааст.Аз моҳи феврали соли 2006 то ҳол дар вазифаи Директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.Барои фаъолияти меҳнатиаш бо ордени «Шараф» дараҷаи 1 сарфароз гардидааст.Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2013 Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи аз вазифаи Вазири нақлиётиҶумҳурии Тоҷикистон озод намуданиҲакимов Н.Ҳ.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:1. Ҳакимов Низом Ҳоҷиевич аз вазифаи Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонш. Душанбе29 ноябри соли 2013№81
ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНДар бораи Вазири нақлиётиҶумҳурии Тоҷикистон таъин намуданиАсоев Х.А.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:1. Асоев Хайрулло Асоевич Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонш. Душанбе29 ноябри соли 2013№85 АСОЕВ ХАЙРУЛЛО АСОЕВИЧВазири нақлиёти Ҷумҳурии ТоҷикистонАСОЕВ Хайрулло Асоевич 25 марти соли 1956 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1978 Донишкадаи политехникии Тоҷикистон бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ ва соли 1988 Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошкентро бо иҳтисоси ташкилотчии ҳизбӣ хатм кардааст.Фаъолияти меҳнатиашро соли 1978 аз вазифаи усто Раёсати сохтмони «Роғунгэсстрой» оғоз намуда, баъд то соли 1984 дар вазифаҳои саркор, саркори калон, сардори қитъаи Раёсати мазкур кор кардааст.Солҳои 1984-1990 дар вазифаҳои масъули ҳизбӣ дар ноҳияи Файзобод, шунавандаи мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошкент ва котиби озоди кумитаи ҳизбии сохтмони Неругоҳи барқии обии Роғун фаъолият намудааст. Солҳои 1990-2004 дар вазифаҳои гуногуни муҳандисию техникӣ ва роҳбарӣ Раёсати сохтмони «Роғунгэсстрой» кор кардааст.Солҳои 2004-2009 ба ҳайси сармуҳандиси Раёсати сохтмони «Монолит-3» Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Монолитстрой» ва сардори департаменти сохтмон, робитаҳои беруна ва маркетинги Ҷамъияти саҳомии «Корпорация Сомон Душанбе» адои вазифа намудааст.Аз соли 2009 муовини якуми Директори генералӣ ва аз моҳи январи соли 2010 то ҳол дар вазифаи Директори генералии Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Роғунгэсстрой» фаъолият менамояд.Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2013 Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи Аслов С.М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:Аслов Сироҷидин Мӯҳридинович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Куба озод карда шавад.ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонш. Душанбе29 ноябри соли 2013№80
Қурбонов Абдусалом Каримович бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи Директори Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






